Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

...Он шаб чунон тўппарронӣ шуд, ки сарзамини тоҷик дар тамоми мавҷудияташ нашунидааст. Садои тири зиёде баромадааст, шамшерзании бисёре шудааст, хуни беамоне рехтааст, вале ин зайл ки дар дили шаб ин қадар тўп парронда бошанд, ҳеҷ кас ёд надорад. Гўиё замин не, осмон корзор гаштааст. Боз тўпҳо пайи ҳам таркиданд, Сонӣ акси садо барин рў-рўи тунукаи сиёҳфом, ки ҳоло пешашро абрхо панаҳ карда буданд, як бочкаи калон ғелида ва гўё ҷо-ҷо ба сангҳо бархўрда, росту шикаста садо бароварда осмону заминро ба ларза оварда буд... Тундар чароғак зад. Як чизи азим дар осмон сахт шикаст ва пош хўрда, як порааш аз даруни хонаи онҳо гузашта рафт. Қумрӣ гўшон дошта ва чашмон пўшида назди тиреза рост истод ва ёд овард, ки пеш аз ин ҳам чунин аросот шуда буд ё не? Ёд надорад. Ёд надорад, ки дар осмони сарзамини ў ин қадар садои даҳшатангез шуда бошад, ин қадар мардум ба воҳима афтода бошанд. Ин водии ором ба ин дараҷа безобита гашта бошад. Танҳо ҷанги ногаҳонӣ тавонад мардумро ба таҳлука анозад.
— Ин чӣ гап аст, Қумрӣ? – назди духтараш омада ҳаросон пурсид Садафмоҳ.–А, ин чӣ гап?
— Абрҳоро парронанд.
— Ношургии корашон, надонанд, ки ҷавонзанҳои дуҷон ҳастанд. Мардум тарсанд.
— Мардум аз чӣ тарсанд?
— Аз ҷанг.
Қумрӣ хомўш монд ва ба садои тўпу раъду чароғаки тундар диққат дода, хаёлолуд гуфт:
— Ин ҳам ҷанг, оча... Ҷанги техникаю табиат... Агар ин хел накунанд, донӣ чӣ шавад?
— Донам...
Қумрӣ тирезаро кушод. Борон ба лаби сатил мерехт.
— Кор чӣ шуду ҳол чӣ шуду... Пахтаро бало зад,– гуфт Қумрӣ ва пай бурд, ки тораҳои абрўяш хам шуда ба мижгонаш пайваст; халал расонад, бо ангуштон тораҳоро тахту ҳамвор кард ва ба модар, ки паҳлўяш истода, шасту шиддати боронро тамошо дошт, гуфт: – Аз афташ соли «мор» тамомшавӣ надорад...
— Ман намедонам, ки одамӣ барои чӣ ба дунё ояд. Барои заҳмату азоб ё ягон гапи дигар ҳам ҳаст,–сухани духтарашро ба ҳамин маънӣ фаҳмида гуфт Садафмоҳ.
— Роҳаташ ҳам ҳаст-ку, оча.
— Чӣ будааст?
— Ҳар сол як моҳ курорт...
— Ҳммм...
Магар ҷавоби ў модарро қонеъ накард, ки мад кашида дур рафт ва боз назди тиреза омада вазъи ҳаворо донистан хост. Аз оби бороне, ки аз рўи бомпўшҳо шорида, тарнобҳоро пур карда, дамида мерехт, саҳни ҳавлиро кўлмак карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор