Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигар аз духтарон пинҳон карда ҳам намешуд. Онҳо ҳам чашм доштанд, гўш доштанд: медиданд, мешуниданд, ҳоҷат ба фиреб намонда буд.
Фақат як хубӣ дошт, ки мо аз гургҳо пеш будем ва онҳо сароқир нишеб шуда меомаданд. Ягон ним фарсах дуртар деҳае буд. Кас то он ҷо давида аз гургон ҷон ба саломат бурда тавонад. Аммо мадор куҷо буд, ки то деҳа тозӣ. Хоҳ-нохох кўдакон қувват надоштанд... Медонистам, ки бо ду чиз аз гург, агар танҳо бошад, халос хурдан имкон дорад: оташ ва ресмон. Ҳардуро надоштем; гўгирд набуд, ки ягон чизро оташ занему машъал бардорем, реесмоне набуд, ки кашол кунем. Ягона илоҷ гурехтан буд. Сўйи диҳа давидем. «Давед, гарм мешавед» гуфтам ба духтарон. «Наметонам, оча» гуфт Қумрӣ. Ҷон аз дасту поям баромад. Фурсати истода ўро пуштора гирифтан набуд. «Тоз!» хитоб кардам. Пои худам мелағжид. Пойҳои Қумрӣ мепечид. Санам аз дасти Тўтӣ гирифта пеш-пеш метохт. «Оча!!!» дод зад Қумрӣ. «Ҳа-а» гуфтанамро медонам, хаёл кардам, ки гург аз банди пои Қумрӣ дошт; ў ҷонбаромад дод зад. Назаре чашмам афтид, ки гургхо даҳони хунини худро боз карда метозанд. Дастам вазнинӣ кард, дидам, ки Қумрӣ дар дастам кашол шуда, рў-рўи барф мелағжад. «Рост ист, Қумрӣ, рост ист!» садо кардам ва они воҳид суст шуда ўро ба по мондам, баробар тохтем. «Гург, ту бачча надорӣ?», аз хаёлам гузашт. Вале чун ин чизро аз гурги гурусна пурсам, магар ў фаҳмад? Агар мефаҳмид, на ҳоҷати тарс буд ва на ҳоҷати савол…
«Забони Мулло Шокир дароз шавад, дуои ман гирифт гўяд» чизи фикр кардаи маро бинед. Ҳамин вақт вай лозим буд, аспи вай, шамшери вай лозим буд. Гургҳо хаёл кардан намонданд. Онҳо ба лўкка даромаданд, сонй тохтанд. Садо кунам, гўям, садоям набаромад. Гўё даму нафаси гургҳо зада буд. Ҳамин қадар монда буд, ки чор кас оғўш ба оғўш шуда ба коми даррандаҳо равем:
«Тозед, натарсед! Шарофати одамизод баланд!» гуфтам онҳоро шерак карда, аммо дар танам як хунукие давид. Як чашмам дар пеш буду чашми дигарам дар пушт. «Мурдем...» ҳаллос задани гургҳоро шунида аз дил гузаронидам ман. «Тозед!»
— Оча-а-а!!! – дод зад Қумрӣ. Яқин кардам, ки ўро гург гирифт.
Дасту поям суст шуд. Бозистодам. «Тамом»... Ба пас нигаристам, ки гургҳо низ суст шуда, ҳайрон-ҳайрон нигоҳ доранд. Сабабашро надонистам. Ё садои кўдакро фарқ карданд ва ё модару фарзаид будани моро донистанд: Ё шояд онҳо андаке дам гирифта, қувва чамъ карда, якбора ҳамла кунанд. «Тозед!» аз суст шудани гургҳо истифода бурда гуфтам ба онҳо, ҳарчанд донистам, ки на онхо мадори тохтан доранду на худам. Хаёлам, ки гургхо тамоми азоби моро ба якборагӣ нест кунанд. «Гуфтам-а, янга!» овози гиряолуди Санам ба гўш расид. Гўё ки ҳамин гапро гуфтан шарт бошад. Ў маро кушт, аз дами гарми гургон дида нияти бади ў сахттар расид.

пешина
аз 429
навбатӣ