Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин гап ба Санам сахт расид, ки тохта омада, пеши поям афтид ва ба зорию тавалло даромад, ки духтаронро набаред. Зорию таваллои ў аввалан барои ҳамроҳ надоштан бошад, сониян аз тарси бародараш буд. Ман ба зорию таваллои Санам нигоҳ накардам...
Худи ҳамон бегоҳ Мулло Шокир расида омад. Аммо пештара барин беибою бемалол надаромада, дарвозаро тақ-тақ кард. Ман қасдан набаромадам, шавҳарам Юсуфҷон дарвозаро кушод.
— Садафмоҳ ҳамин ҷо? – пурсид ў. Ман овоз намебаровардам, ку бинам, Юсуфҷон ба вай чӣ ҷавоб дихад, чӣ муомила мекунад.
— Марҳамат, дароед,– овози Юсуфҷон омад.
— Не, ба ман Садаф лозим.
Баъд Юсуфҷон маро фарёд кард. Баромадам. Мулло Шокир чунон ба ман нигарист, ки ҳаргиз одамро надида бошад. Саломуалейк не, гап не. Афсунгашта намуд. Ман гумон кардам, ки аз Юсуфҷон шарм карда гапашро гуфта натавонад. Шояд Юсуфҷон ҳаминро пай бурда бошад, ки ба хона даромад. Ман аз нигохи ў пай бурдам, ки дилаш гиря дорад.
— Марҳамат, бударо! – гуфтам ба вай, аммо ин дафъа «хонаи худат» гуфта натавонистам.
— Не, Садаф, ман барои баччаҳо омадам,– гуфт ў ва сараш хам шуд.
Ман метавонистам ба рўи ў дод занам, дашном диҳам, пеш кунам, вале ин корро накардам, ба ҷои он «чаро намедароӣ?»
гуфта аз ў пурсидам. Вай ҳам чизе нагуфта сарашро ба ду тараф ҷунбонд. Пай бурдам, ки пушаймониаш ҳадду ҳисоб надорад.
— Ман бо як хоҳиш ба наздат омадам, Садаф.
— Гап зан.
— Аввалаш ки сабукӣ кардӣ,.. хайр… ту хурсанд бошӣ, шуд.
Дигараш аз ту хоҳиш дорам, ки баччаҳоро ба ман диҳӣ...
— Ту гумон дорӣ, ки ман онхоро бонӣ карда наметавонам?
— Не... Гап дар он не...
— Гап дар чизе ки бошаду набошад, онҳо дигар хонаи ту рафтан нахоҳанд.
— Инашро медонам... Модарашон, ки дар хонаи ман истода натавонист, кўдаконаш чӣ гуна истанд?
— Гап зан, гап зан, гап гапи ту.
— Онҳо ба гапи ту дароянд, онҳоро фан бикун, Садаф.
— Барои ту шуда худамро фан кардам, бас.
— Мон акнун ин гапҳоро Садаф,– гуфта ў даст дароз кард, то рўи маро палмосад, аммо ман худро пас кашидам, зеро донистам, ки Юсуфҷон дар паси тиреза моёнро нигоҳ дорад.
— Не, Мулло Шокир, беҳтараш дигар ба ин ҷо наё!

пешина
аз 429
навбатӣ