Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ваҳшӣ ўро ба шаст оғўш кард ва нақораи суруд барин навохт:
«Аз ман-а? Аз ман!»
— Аз шумо, – дардолуд, оҳ кашида ҷавоб дод Сангиной.
— Аз ман... – сахттар ба танг кашида, шодиашро ҳувайдо мекард Ваҳшӣ. – Пас, мо намемурем, тухмамон сабз мешавад...
Сангиной пай бурд, ки дар як оғўши сард ҷой дорад ва растан хоста, бозувонашро таранг мекунад, ўро тела медиҳад:
— Ҳаромӣ мешавад... бе розигии ман шудааст... Баччаи ҳаромӣ... Чунин тухмӣ ба касе лозим нест!
Ваҳшӣ ўро раҳо кард. Ҳайратзада ба ў менигарист; сонӣ дар ғазаб шуд; дигаргунии қиёфааш зери пашм аён нагардад ҳам, чашмонаш авзояшро фош мекарданд: беқаророна дар хонаашон давр мегаштанд, чизеро меҷустанд, тадбире андешиданӣ буданд.
— Ҳаромӣ бошад, ин хел бачча ба ман ҳам лозим нест! – бархост Ваҳшӣ ва белро гирифта ба ғор рафт.
Сангиной ин корро ҳам ба қисмат ҳавола кард ва бархост, ки равад; ҳамааш равшан шуд, акнун равад ҳам мешавад, вале чизе ўро боздошт – хоки кандаи гўр. Пас ў бо дастонаш хоки гўрро каф-каф партофта, тахт кардан хост. Андаке партофт хоки парешонро ва дарун беҳузур гашт. Бархоста сўи об нишеб шуд, то дар хамие ғарора кунад... Ў дар хамӣ ашк мерехт.... – Рафторат беҳуда, Сангиной! – аз паси сараш садо баромад, вале ў нигоҳ накард ва Ваҳшӣ афзуд: – Ман кори ҳаром накардаам, балки нағз дида кардам...
Сангиной диққат дод, ки боз чӣ мегўяд ва якбора ба сараш зад, ки барои чӣ дурўғ мегўяд? «Нағз дида кардам...»
Ваҳшӣ паҳлўи ў нишаст ва даст ба об зада шуст, як каф об хўрд, сонӣ пўстинҳоро аз миёну дўш канда, худро ба об зад. Вақти аз об баромадан пашму мўйҳои хобидаи танаш як пардаи сиёҳро бар баданаш часпонд.
— Акнун ҳалол шудам, Сангиной?
Сангиной ба танаи бараҳнаи ў нигоҳ намекард, балки рўй тофта нишаста буд ва дарк кард, ки Ваҳшӣ ҳаромиву ҳалолиро дар ҳамин медонад: дар шустану нашустан.
— Не, намади сиёҳ ба шустан нашавад сафед.
Ваҳшӣ бо кафи даст оби сару рўй виреҷ кард ва ба маънии сухани ў сарфаҳм нарафта ва ё ба таври худ ҳақорат дониста, рў овард:
— Чӣ хел намади сиёҳ?
— Мақоли халқ ҳамин хел...
Ваҳшӣ тарбадан назди ў нишаст ва дастони тарашро меҳрубонона ба рўйи Сангиной расонд. Сангиной андаке рўяшро пас кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор