Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не... ман нагузорам... – базўр гуфт ў, барои сипоҳигарӣ гуфт, то занак чӣ гўяд. Агар занак ягон чиз мегуфт, Ваҳшӣ тайёр буд, ки қиссаи аз дасти хирс мурдани шафатгўронро гўяд, бофта гўяд, то вай бовар кунад. Аммо дар забонаш дигар чиз омад: – Чунин воқеа дар ҳар понздаҳ ё бист сол як бор рўй медиҳад...
Ва мунтазир шуд, ки Сангиной аз ў шарҳ мепурсад. Сангиной ғарора базўр медошт, даст ба даҳон пахш карда, ба худ мепечид.
Печиданаш аз он буд, ки чун ба Ваҳшӣ гўяд ин ҳолро. Ва ниҳоят кафид:
— Ман аз шумо бордор шудаам...
Ваҳшӣ ба ў имкони сар боло кардан надода, оғўш кард; чунон оғўш кард, ки аз шодӣ, аз хушнудӣ чӣ кор карданро намедонист.
Сахт ба танг кашида, аз ҳирс буд ва ё шодкомӣ, рўи пурпашм ба рўи Сангиной гузошту гирист… Сангиной тани худро таранг дошта, аз оғўши ў раҳо шуданӣ набуд, балки дар канори тангу гарми ў об мешуд, хамчу зани кулфатзада, ғурбатдида, ки ба мурод расида бошад, худро аз чунин хушбахтӣ боз ба оғўши бадбахтиҳо андохтан намехост...
Ваҳшӣ ўро озод бардошт ва бурда рўи пўстак хобонд... Сангиной эҳтиром донист онро ва хуш қабул кард. Шояд аз он бошад, ки тухмаи Ваҳшӣ дар марзи раҳми ў сабз гардида буд.
— Сабр кунед, ман аввал бояд сари қабри онҳо фотиҳа хонам. Он нокаси гуреза ба фотиҳа наарзад ҳам, бояд қарзро адо кунам...
Дасту пои Ваҳшӣ суст шуд, пиндошт, ки занак аз паст як корд ба дилаш зад: ҳавсалааш гашт ва ў вазни бар Сангиной партофтаро бардошта, якпаҳлў афтид; суханони Сангинойро ба худ кашид...
Ваҳшӣ рўболо хобида, ба сақфи сангии ғор дурудароз нигарист ва ҳамин қадар дарёфт, ки Сангиной ба ў мутеъ гаштааст, аммо ҳарфаш заҳрогин... Ҳарду рўболо хобида, андеша мекарданд:
Ваҳшӣ дар бораи ҳарфҳои духўраву заҳролуди занак фикр мекард, Сангиной андеша дошт, ки чаро нафратбор аст ин дунё.
Ҳар ду дар бораи одаму олам андеша доштанд, вале кўтоҳакак, мухтасарак «чаро?» мегуфтанд, гўё ба зиёда андеша кардан ақли казоӣ надоштанд.
— Ба фикри ту ҳар кас, ки гуреза, нокас аст? – аз бом тароша афтидагӣ барин пурсид Ваҳшӣ, аммо Сангиной ҷавоб надод, ба андеша рафт, ки чаро чунин мепурсад. – А? Нокас аст?
— Ҳо; гуреза, ки шуд, нокас аст, – ҳамин қадар вақт чунин ҷавоб тайёр кардагӣ барин ҷавоб дод Сангиной ва Ваҳшӣ хомўш монд. Сангиной низ чизе намегуфт.
Ваҳшӣ бархост. Белро гирифт, бурун аз ғор рафт. Сангиной андаке ноҷунбон хобид ва бархоста бурун рафт, ки Ваҳшӣ гўри навро вайрон мекунад. Аллакай гунбади гўр вайрон шуда буд.

пешина
аз 429
навбатӣ