Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Пасон ў тохт: ба тазйиқи дил, ба тангии нафас нигоҳ накарда, гўё ҳама чизро фаромўш карда тохт, то нафасаш кушода шавад ва ё ҳамин чиз сабаб гашта, дартоз рўйи барф фурў афтида, ҷон диҳад ва ҳама чиз аз ёд равад, танҳо ҳамин барфи сафед, ки оламро чунин пиндоранд, дилҳоро чунин сафед шуморанд, миёни чашмонаш боқӣ монад, бас аст. Ў тохт, миёни харсангҳову нишеби ғорро яктоз фуромаданӣ буд, аммо чашмаш ба ходаи рост ва як гиреҳи банди дар тани асо боқӣ монда афтида, бозистод ва бехи хода нигарист, ки қолаби барфпўш гўрро монад. Дарёфт, ки замоне туғ бардошта будаанд, ки ходаву гиреҳаш боқист... Дилаш раг зад, ҳаросид:
ғори одамхўр... Пасон яктоз рафт то рўйи барфи сой. Хаёл кард, ки ҳамин хел тозад, бегоҳ нашуда ба деҳа мерасад, аммо яқин кард, ки роҳро намеёбад. Нақши пойи дирўзаро ҷўё шуд, аммо барфи имшаба ҳамаро ҳамвор карда буд. Ҷо-ҷо нақшҳои лағжида аранге метофтанд. «Ғори одамхўр... Одам мехўранд дар ин ҷо...»
Баргашта сўйи ғор нигарист, ки Ваҳшӣ аз паяш поида меояд. Гўё ў дар торикии ғор ҷо шуда, ҳама рафторҳои Сангинойро дида, хандид ва акнун аз пасаш поида мебарояд, то ў чӣ кор кунад. Ба назараш ҳамин хел.
Тори сар ва сари дўшҳояшро як парда барф пўшид, дар мижгону тораҳои абрўвонаш ҳам барф нишаста буд. фаросат накард, ки вақт гузарад ва дар ин рўзи кўтоҳ то деҳа нарасад... Баргашта аз сари китфи рост сўйи ғор нигарист, пай бурд, ки барфи сари дўшаш боло шудааст, афшонд, барфи сари китфи чапро низ афшонд, гўё аз зери бори гарон озод шуд, оҳ кашид... ҳоло ҳам намедонист, ки чӣ кор кунад. Хаёлан рўйи Ваҳширо ханҷол мезад, аз ришу пашми сари ў дошта мекашад, ба тахтапушташ мушткорӣ мекунад, аммо ў чизе намегўяд; Сангиной чашмони ўро кофта гирифтанист. Нохун пеши чашмони ў тез мекунад ва Ваҳшӣ банди дасти ўро медорад...
Чашмонаш танг шуданд, дар дил кароҳате пайдо шуд, ғашовар буд; фаҳм кард, ки ин зайл – ношуста истодан мумкин нест…
Сангиной пиндорад, ки дунё ҳамин зайл танг аст, ба мисоли ин ғор, ҳамчу фазои барфолуд, монандаи гўри зери барф ва агар ин қадар танг набуд ин дунё, Зукур аз дасти зани хеш гурехта наметавонист, Ваҳшӣ аз ғори торик деҳаи ўро пайдо намекард, дар ҳар ваҷаб мурдаву гўру гўрхона пайдо набуд. «Не... ин хел мумкин не...
ҳатто ин мурда беҷаноза рафта бошад ҳам, тани ношушта истодан мумкин не...» аз рўи донишу назари худ ҳукм кард ў.
Ҳатто мурданӣ бошад ҳам, аввал бояд ғусл кунад...
Барф лап-лап борад, на, резад: як паға аз пайи дигар, ки ҳамел карда бошанд чун донаҳои марворид; резаду баланд шавад, вале ба чашм нарасад, чунон ки офтобу моҳ дар як ҷо истаду як вақт бинӣ, ки фурў рафтааст. Ва ҳоло ними ходаи гўр даруни барф монда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор