Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

вале намедонад, ки куртаи сиёҳи ўро пурсад, чӣ ҷавоб диҳад.
«Модарам...» мегўяд ў ва шарҳ намедиҳад... Ва баъд чӣ қадар аз Ваҳшӣ миннатдор шаванд онҳо: барои ин қадар ғамхорӣ... Ў боз тасаввур мекунад, ки Зукур мисли Тўраи Ланг гаҳвораҷунбон барин ҷонибаш меояд, дасту рўяш хуншор, як чашмаш нест, гўши росташ гўши хари буча барин чок, лаби поёнаш ҳамчу лаби уштур кашол ва зери лаб гўяд, ки намеомадам, хубтар буд, ўро дар чунин ҳол намедидам, беҳтар буд; ҳамон Зукури сиҳату бақуввати нав ба марди Ваҳшӣ табдилёфта дар хотираш мемонд, нағз буд, аммо акнун бо махлуқе во мехўрад, ки дар умраш надидааст: аз Ваҳшӣ ҳам бегонатар ва ниҳоят ба сари ў зад, ки Зукур зинда нест, балки ҳамроҳи хирс хобидааст... Чунин андеша тахтапушти ўро ба раъша овард ва хост аз роҳ баргардад, то аз машаққати фарози якрост раҳо ёбад, то рўи осебу азиятдида ё мурдаи хунолуди Зукурро набинад. Бозистод. Нафас рост карданӣ шуда, бозистод. Ва дар ин вақт Ваҳшӣ аз назар ғоиб гашта, ба ғор даромад ва Сангиной дуру дароз нигарон буд, ки омаданашро ба Зукур хабар медиҳад ва ў илоҷе карда ба дами ғор мебарояд. Аммо дергоҳ на Зукур баромаду на Ваҳшӣ. Сангиной ин ҳолро фоли нек надонист ва илоҷи корро ҳам намеёфт; гўё кор аз кор гузашта... Намедонист ё наметавонист, ки ба ғор равад ё баргашта гурезад...
«Ман нафармуда будам!... Биё, нагуфта будам!!!» гўё баробари дидани Сангиной фарёд мезанад Зукур ва аз худ рафта баъди соатҳо боз ба худ меояд ва бо Сангиной танҳо монда ўро азоб медиҳад; рў мегардонад аз ў, ки чаро дар ин роҳи дурудароз бо Ваҳшӣ танҳо омадӣ? Медонӣ, ў кист? Фиребат медиҳад! Ҳарчанд Сангиной ба ў мефаҳмонд, ки ҳеҷ гуна фиреб нест, вай ба ман чизе нагуфтааст, ба ман даст нарасонидааст, Зукур бовар намекунад; бовар намекунад; ки як шабу як рўз дар роҳи пурхавфу бекас танҳо гашта, ин ғўл, ваҳшии ваҳшиён ба ў даст нарасонида бошад, ба вай чизе нагуфта бошад? Бовар намекунад Зукур ва миёни онҳо носозӣ мешавад... Ва ҳоло ба сараш зад, ки Ваҳшӣ ўро фиреб мекунад – инро Зукури хаёлӣ гуфт ба ў...
— Биё! Чаро истодӣ?!
Аз ғор баромада, фарозро нишеб шуда, фарёд зад Ваҳшӣ.
— Зинда? – дар ин хусус андеша дошт, ки пурсид Сангиной.
— Хоб... Ҷунбида наметавонад!
Сангиной боз бовар кард ва миён дуто карда фарозро рост шуд ва пеши назар меовард, ки баробари ба ғор даромадан худро ба рўи Зукур андохта, хуб навозиш мекунад, оби дидаашро фурў дошта, табассум мекунад, шукр мегузорад, ки шўяш зинда... пасон паҳлўяш дароз кашида, на чизе мепурсад, на чизе мегўяд...

пешина
аз 429
навбатӣ