Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Занак ба ў ҷавобе надода духтарро дароз кард, ки гирад. Худойқул ба чашмони занаш зеҳн монда пурсид.
— Саг газид?
Занак боз ҷавобе нагуфт. Умматқул пеш гузашта хоҳарро аз рўи дастони модараш гирифт. Ҳарфе назада ба боғхона даровард ва рўи пахоли кунҷак дароз хобонд. Баъд модар аз ў хоҳиш кард, ки рафта ҳезумро аз зери барфи боғи калон биёрад.
Дар гўшаи дигари боғхона оташе мил-мил дошт. Боғхонаро дуд пахш кард, гўё заҳри хунукии ҳаворо мешикаст.
Ба рўи оташи нимхомўш як қабза пахоли шолӣ монда, аз болояш ҳезум гузоштанд ва пас аз муддатҳо боғхона хам равшан шуд. Партави оташ бар деворҳои боғхона бозӣ мекард. Дуд аз болодарии кушода ба берун фағона зада ва аз зери он ҳамон қадар ҳавои сард медаромад. Ҳезуми фаровоне надоштанд, чўбҳоро нўг ба нўг монда, даст ба алангаи он бурда, гарм мешудаид, вале тахтапуштро хунук мелесид.
— Дардат сабук шуд, оча? – аз духтар пурсид модар.
— Хунук хўрдам, – ҷавоб дод ва боз ҳам ғунчатар шуд.
Модар ҷомаи дар паҳлў истодаро гирифта бар ў партофт ва пай бурд, ки духтар меларзад. Ўро бардошта назди оташ оварда хобонд. Паси сари ўро хабар гирифта ба шавҳар рў овард:
— Мардак, аз афташ, лаънатиҳо ба даруни барф санг монда задаанд. Ишам заду ушам зад, пасмонда шабуш ҳам зад. Худи ҳамун ҷавонмаргҳо чӣ, ки ба моро мекунанд? Тавбае, баччаҳои охирзамон.
— Баччаҳои охирзамон не, ин аҳвол аз қадим... Лекин мо мардум беномусем, – ба гап ҳамроҳ шуд Умматқул, вале падар сухани ўро бурида, пўписа кард:
— Чӣ хел беномус?! Дар пешонимон чизе навишта шуда бошад, ҳамонро мебинем... Беҳуда налақ!
— Ман намелаққам, ин гапи ман не, аз забони одамон шунидам... Дар ҳама ҷо гапи апаам...
— Бас!!! Баномус шуданӣ ҳастӣ?!
— Охир...
— Садқат бишам, бас кун, гапи додота нагардон, бо ў баҳс накун. Хоҳарат мегўяд, ки гап намефорад...
— Оча, акам рост мегўяд. Охир...
— Чӣ боз шумо забони «охир-охир» баровардед? Инаш ҳам «охир», унаш ҳам. Чӣ гап ин? Забонатона аз пушти саратон накашида мондаам...
Ҳама хомўш. Худойқул мисли алангаи оташ сурх шуда, дарундарун ғуррид. Чунон ки аз ғурриши дарранда кас таҳдид бинаду ғазаб, вале чӣ гуфтанаш рўшан набошад, аз ситезу дамидани ў воҳима бархезад. Монои шери ёлдор: пашми гарданаш як ваҷаб боло шавад. Аммо сараш мудом лайс тарошида: «Натарошам, сарам аз дард торс кафад» гўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё