Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Бар замми ин дурўғҳои ба Зукур гуфтааш баданашро ба раъша оварданд ва аз кадом ҳисси мағшуш дар танаш хунукӣ ҷой гирифта, ўро ларзонд, ки аҳён-аҳён чунин ҳолат рух медод; кам вақтҳо худро ноҳинҷор, ноҷўр, лоимкон ва мубтало медонист, аммо ҳоло пай мебарад, ки вараҷа авҷ гирифта, таб мебарорад ва рафту ин ҳолат ба бемадорӣ гардад, лозим меояд, ки мадади Зукурро талаб кунад. Ҳарчанд имрўз вақти набарди Одаму хирс ба ў ёрӣ надода, мурдани якеро мунтазир шуд, сонӣ аз рафтори нокасонааш шарм накарда, хандид – масхара барин хандид, акнун лозим меояд, ки мадад пурсад... ў кўшиш дорад, ки чунин кор нашавад; худро муқтадир, тавоно гирифта ва сиву ду рагашро якҷоя мефишорад, ки табу ларза аз тан рафъ гардад, ба худ ояд, то ба Зукур эҳтиёҷ пайдо нашавад...
Ба назараш аз кадом кунҷи ғор арвоҳи Абўшукур мисли як нуқтаи сиёҳ пайдо шуда, пеш меояд ва фазои ғорро парвоз карда, рост ба чашми ў менишинад ва бодосо муҳаррик шуда, чашму мағзи сари ўро хўрдан мехоҳад; дар танаш сардӣ меорад ва ба кадом балои бедармон гирифтор мекунад. Раъшаву фарошои танаш на кам шуд, балки афзуд ва ў боз ҳама чизро фаромўш кард. Дар андеша шуд, ки ин меҳмони ногаҳониву нохондаро чун аз вуҷудаш дур андозад... Меларзад хунук хўрда ё ҷогаҳи гарм лозим ё бори вазнин. Оташи гарм ҳам таъсир надорад. Ё касе лозим, ки пои ўро молида раъша аз танаш барорад. Хизмати Зукур лозим. Аммо ў чунон хобида, ки хирсро кушта, хобашро гирифта бошад... Зимни ларза ҳайраташ афзуд, ки чаро Зукур дар хусуси набарди хирсу бобояш чизе напурсид, таҳкобӣ накард, сабаби ҳамроҳиашонро донистан нахост, балки бепарво – ҳатто аз хирсро куштанаш ҳам шод нест; баччаи дарундори рамузгири бепарво. «Ё пай бурда бошад, ки Абўшукур аз дасти ман мурдааст?»
Зукур якпаҳлў гашт. Бепарво. Ғаши Ваҳширо овард, ки ҳамроҳ дар чунин ҳолатҳо ёвар нагардад, мадад накунад, кай лозим мешавад; ў ҳолиё пай бурд, ки чӣ қадар дар тангдастӣ, зарурат, нокомиҳо якдигарро мадад кардан, даст гирифтан лозим будааст...
Шояд хомўш мондану худро ба нодонӣ зада, ин қадар бепарво хобидани ин бачча ҳамин бошад, ки ман дар ҷанги хирс ёрӣ надодам... Баъди ин чизро дарёфтан на танҳо ўро бедор кардан нахост, балки орзу дошт, то нахезад... Ба андешаи зиёд бедор накард, ки ин баччаи хирсафкани пурзўр ўро дар чунин ҳол дида қасоси бобояшро наситонад... Чунин андеша ўро безобита мекард ва ба худ мегуфт, ки як рўз не, як рўз набера қиссаи марги боборо донистан мехоҳад, ё ба деҳа рафта хабар медиҳад, ки Абўшукур дар дами фалон ғор гўронида шудааст, ё худаш гўрро кушода, устухонҳоро ҷамъ карда бурданӣ мешавад ва ё аз деҳа одамон омада ин корро мекунанд... Он гоҳ? Он гоҳ намедонад, ки кор чӣ анҷом мегирад...
Ваҳшӣ аз зўри Зукур хавф мебарад, ки рўзе миёнашон хархаша шавад, аз дасти ҷавони хирсафкан халос хўрдан муҳол бувад, гўё танҳо барои ҳамин чизро донистан набарди онҳоро тамошо карда буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор