Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ува!
Зукур боз чашм кушода, дар дасти Ваҳшӣ корд дид.
— Ҳо, сар буред, ако... – гуфт ў ва чашм пўшид. Чашм пўшиду ҳама чизро фаромўш кард, гўё аз олам рафт. Чизе ба ёдаш наомад, дароз-дароз нафас мекашид, баъд ҳамон дам ором шуд, мурдаосо.
Ва бедор шуд, ки ором асту бемадор, банди дастонаш месўзанд, шикамаш ҳам, банди пойҳояш ҳам ва боз Ваҳшӣ хирсро пўст канда, шикамашро чок карда, талхадонро бурида, сари ду ангушт медорад ва ба Зукур намуда, механдад. Зукур аз чашм кушоданаш пушаймон шуд: кошкӣ чашм намекушоду хандаи ўро намедид, «ба ҷои мадад тамошо карду ба ҷои дилдорӣ хандад ё ақлаш намедавида бошад?» Зукур андеша мекард рафтори ўро: «Тамошо кард, ки кадомамон зўр мебароем... ё мунтазир буд, ки кай маро хирс пахш мекунад?... Наход фаҳму фаросаташ нарасад, ки сагҳо вақти талош ба муқобили даррандагон ёру ёвар мешаванд... Агар ҳарф зада наметавонист, гумон мекардам, ки ваҳшии ваҳшист, аз тухми одам аввалин бор маро дидааст, лекин ҳарф зад... ва чаро худро гунг вонамуд мекунад... Шояд сабаби мадад накарданаш ҳамин бошад... Аз сирру асрораш огоҳ шудам: забон доштанашро донистам, паноҳгоҳашро ҳам, акнун хавф мебарад аз ман...»
— Ува!
Хитоб кард Ваҳшӣ, аммо Зукур худро ба нодонӣ зад. Ў боз садо кард, ҳамон сухани ҳамамазмунаш баланд садо дод: «Ува!»
ва Зукур чашм кушода дар дасти ў сихчўбҳоро дид ва яқин кард, ки Ваҳшӣ аз хушнудиаш аз гўшти хирс кабоб пухтанист. Бо имову ишора ўро низ даъват мекунад. Ҳаракати хестан кард, то дар назди Ваҳшии бемурувват ин қадар ҳақири нотавон набошад.
— Ако, гап зада метавонистаед, чаро гап намезанед?!
Ваҳшӣ, ки сари оташдони сангӣ хирссурат меистод – чорпо метофт, қоматашро рост карда, мутаҳаййир ба Зукур нигарист ва сихчўбҳо аз дасташ афтиданд. Дурудароз хомўш буд ва зайле нигарист, ки хирсу сайёд ҳангоми рў ба рў шудан ба чашми якдигар менигаранд, то бо нигоҳ ҳамдигарро мағлуб созанд. Ваҳшӣ дид, ки мижаи Зукур хам намехўрад, як қадам пеш монд; ҳамлавар мешудагӣ барин як қадам пеш монду бозистод, то ў узр хоҳад...
Аммо нигоҳӣ Ваҳшӣ, истоди ў, тарзи ба пеш майл карда, тез нигаристанаш дигар чиз талаб мекунад:
— Ба ту чӣ даркор, бачча, забон доштан ё надоштани ман?
Зукур ба чизе кордор набуд, ҷаста хест ва қарс зада давр гашт:
— Аком забон баровард! Аком забон баровард!
Ваҳшӣ чунин рафтори ўро дида, аввал ҳайрон монд, сонӣ пай бурд, ки бачча барои сухан гуфтани ў шодмонӣ дорад, табассум карду чизе нагуфт.

пешина
аз 429
навбатӣ