Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Мазмун, ранҷондагӣ барин – модари якрави шартакигўи берўю риё ўро ранҷондагӣ барин. Сангиной аз ин ваҷҳ чизе нагуфт, қариб дар бораи модараш сухан накард; омадани намояндаи ноҳияву деҳхудоро гуфту...
Аз беруни ғор наърае баланд шуд, онҳоро карахт кард. Ваҳшӣ парида хест ва пешгаҳи ғор тохт. Зукур чунон карахт шуда буд, ки ҷунбида наметавонист. Ў, ки дар хусуси занашу омадани намоянда андеша мекард, пиндошт, ки бўй гирифта омаданд. Акнун ҳалқа танг омада, ҳоҷат ба гурезу мубориза ҳам нест. Беҳуда дар ин барф рафта, аз деҳа то ин ҷо паи пой гузошта, худро ба дом афтонд. «Паи поро барф гўр кард... чӣ хел ёфтанд?.. Кори Сангиной ё кори модарам...» Ва хаёли ўро наъраи дигари беруни ғор пароканд. Ба назараш ҳар кӣ буд, ҳар чӣ буд, даҳон ба даҳони ғор гузошта, то ҷону зўр дошт, наъра зад ва ғорро пур аз садо кард, ки дергоҳ давр гашт. Зукур пай бурд, ки наъраи одамӣ нест, ба худ омада, тозон сўи Ваҳшӣ рафт, аммо ўро пайдо накард. Як пояш ба пастӣ рафт ва даст ба девораи ғор расида, худро базўр нигаҳ дошт: «Ако!» оҳиста садо баровард ў, вале Ваҳшӣ ҷавоб нагардонд. Зукур яқин кард, ки он тараф роҳ нест; пешгаҳи ғор баста аст, аммо Ваҳшӣ нопайдо.
Даҳонаи ғор торик шуд. Зукур гардан тофта, як чизи бадҳайати сиёҳро дид, ки барфи даҳонаи ғорро пахшу пош карда, даромад ва ба ягон чиз нигоҳ накарда, бўеро нашунида, хавферо пай набурда, пешгаҳ омад. «Пишак, ако!» Ваҳширо ҳамин ҷо дониста, ҷониби нишебӣ даҳон бурда гуфт ў. Ба гумони ў гурбаи сифат кардаи Ваҳшӣ ҳамин аст. «Вай – хирс!» аз пас садо дод ва Зукур ҳайрон монд, ки чӣ зайл надида, хирс мегўяд. «Куштан лозим!»...
Зукур моту мабҳут гашт; на аз хирс будани он ҳайвон, балки аз забон баровардани Ваҳшӣ. «А...а-а-а!!!», гўё забони Зукур гирифта, худро гум кард.
«— Куштан лозим!» боз пичиррос зад Ваҳшӣ ва боло омада даст бар дўши Зукур гузошт, сонӣ тарзи куштани хирсро нишон доданӣ шуда, даст ба гулўи ҷавон бурд ва хафа кард. Зукур гумон кард, ки мекушад ўро. Гарданак зад, то раҳо шавад... Ваҳшӣ даст бозгирифт ва ба хирс ишора кард... Хирс рост ҷониби онҳо меомад; ё хоболуд аст ё қасд карда меояд. Даҳонашро ғоросо кушода, фўк боло карда, чунон наъра зад, ки дар ғори Амбал нағунҷид, онҳоро ба ларза овард... Ваҳшӣ якбора ҷониби берун тохт ва хирс натавонист, ки гурезад. Дами баромадгоҳро банд кард Ваҳшӣ.
Ҳамин вақт хирс оҳанги гурез кард.
Зукур аз рафтори Ваҳшӣ рўҳ гирифта, гурбаосо ҷаҳид ва бар хирс савор шуд. Хирс аз зери рони ў раҳо шуданӣ буд, ки пеш ҷаҳид. Зукур афтид. Пои хирс ба дасташ омад. Пас кашид... Хирс якбора ба замин афтиду ғел гашта рў ба Зукур овард ва ба сару рўяш чангол задан хост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор