Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Чӣ навигариҳо? – баногоҳ пурсид Зукур, ки ҳеҷ; гоҳ чунин савол намедод.
— Навигарӣ? – чӣ гуфтанашро надониста, пурсид Сангиной ва ба дил дурўғ гуфтани худро намебахшид. — Навигарӣ нест...
– Идома дод ў, ба хаёл рафт, ки Зукур мурдаи модар ва хабари омадани намояндаву рафтори Каттабибиро медонад. – Хабару хати сиёҳ бисёр, аммо ҳама ҳайрон, ки чаро аз баччаи Абўмансур хату хабар нест?
— Ҳар кас пурсад, бигўй, ки шаҳид шудааст...
— Шамол барад аз даҳонат, Зукур!
— Дигар илоҷ нест... Ҳоло ҳам меоянд? Ҳоло ҳам мепурсанд?
Сангиной хомўш монд, ки чӣ ҷавоб диҳад. Гўяд, ки бас карданд, дигар намеоянд, туро намепурсанд, аммо натавонист. Азоби худро пинҳон карду дигарашро гуфт:
— ...Отамро бурданд... Амакамро бурданд…
— Наход?! Рав мегўӣ? Худатро нишон деҳ, мегўӣ?
— Не!
— Охир, онҳоро азоб медиҳанд!
— Азоб дода шуданд...
— Чӣ хел?... Омин?!
— Не, сар доданд...
Зукур хомўш монд, дастонаш суст шуданд. Гўё фаромўш кард, ки Сангинойро оғўш мекунад; гўё як ҳалқаи таранг оҳиста-оҳиста давида, суст гашта, во шуд, то Сангиной раҳо гардад. Зукур дастонашро сар дод ва надонист, ки чӣ хел Сангиной танҷудо гашт.
Вале Зукур нахост, ки худро бой диҳад.
— Дар кўҳҳо барф борид, Сангиной.
— Барф? Наход? Дар ин ҷо борон як шибот карду монд...
— Сўзан надорӣ? – чӣ гуфтанро надониста пурсид Зукур.
— Сўзанак дорам, – сўзанаки чоки гиребонро кушода гуфт Сангиной ва Зукур пеш омада, даст ба чоки гиребон дароварда, соид, молид...
— Ту гушна, Зукур?
— Не, туро дидам, сер шудам.
Сангиной зебо набуд, дилкаш буд ва ҳуснаш яку якбора не, рафта-рафта ба кас маъқул мешуд: нигоҳаш, хандааш, дандони раддааш, ҳусни рўяш ўро ширин ва дилкаш мекард. Ва Зукур танҳо барои Сангиной, ки гўё дар олам дигар чунин зан набошад, аз роҳ гурехт... Аммо Сангиной беэътибортарин кас аст дар деҳа:
як девонаи Худо – ёри париҳо. Зукур аз ин чиз бехабар. Ҳарчанд вай гуфт, ки барои ў шуда, худро ба девонагӣ мезанад. Ба гумони Зукур занаш ҳурмати шавҳарии ўро ба ҷо меорад, ки яке аз вазифаҳои аввалини зани тоҷик ҳамин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор