Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аз ҳафтгиёҳ ба чойҷўш андохт ва боз ба дами оташ гузошт. Сихкабобро рўгардон кард... Назди Одам рафт: «Ува!»
Зукур чашм во карда ба ў нигарист ва Ваҳшӣ дарёфт, ки мадад мехоҳад. Ваҳшӣ аз рўи фаросат мадад кард, то ў хезад. Бардошт, ў ковок шуду мадори хестан накард. Ваҳшӣ ўро боз хобонд ва тозон назди оташдон омада, аз офтоба ба дўлча чой гардонда, барои ў бурд. Зукур ба маънии «гушна, меъдаам чой намебардорад» ба Ваҳшӣ нигарист. Ваҳшӣ ишора кард, ки аввал каме чой хўрад, кабоб меорад. Бўи кабоб кайҳо иштиҳои Зукурро такорў карда буд. Ў ғарора дошт, аммо аз меъдаи тиҳӣ ҷуз ҳаво чизе бурун намешуд. Ваҳшӣ як сих кабоб ҳам овард, аммо мегуфт, ки Зукур аввал қулте чой хўрад. Чойи гарм поён рафт, Зукур хаёл кард, ки фурў рафтани чойро Ваҳшӣ мебинад.
Форид чой. Як ҷуръа хўрд, ду ҷуръа хўрд, хўрду хўрд, чизе аз зер ба меъдааш боло шуд, оруғ дод, таскин ёфт. Гарм шуд, ҳис кард, ки дар танаш мадор омад ва сихи дарозкардаи Ваҳширо гирифта, миннатдорона сўяш зеҳн монд ва як газ гўштро хоида, гирист... Маззаи гўштро ҳис карда гирист ва гўштро фурў набурда ба Ваҳшӣ баргардонд.
— Ува! – сихи ҷонибаш дароз шударо тела дод Ваҳшӣ.
Зукур мисли кўдаки аз гиря бозмонда ва аз феълаш гашта боз дандон зад, хоид, фурў бурд... Танаш суст шуд, арақ баровард, тафсид ва худро ноҷўр пиндошта хаёлаш ба ҷое рафт. Ваҳшӣ дар чой чизе андохт ва дўлчаи дубора овардаашро нагирифт... Ваҳшӣ, ки наҳор нахўрда буд, чойро худаш хўрд, кабобро низ ва боз ба Зукур як дўлча чой дод...
...Онҳо аз нав ёри ғор гаштанд. Зукур намедонист, ки ба ў чӣ хизмат кунад. Ҳезумкашониро ёд гирифт, гўшт хушк карданро омўхт, аммо дар дил ибо дошт, ки ба ризқи ў шарик шуд ва гўшти захира кардаи Ваҳшӣ ба ҳардуяшон намерасад.
— Ман меравам, ако!
— Ува!?
— Ба деҳа... Ҳў-ў мебинед, моҳ нав шудааст, дар гўшаи осмон базўр метобад: абр барин, карҷи харбуза барин... Пагоҳ серўза мешавад ва баъди як рўз ман бояд ба деҳа равам.
— Ува? – даст ба лаб бурда, бўсида, хандида пурсид Ваҳшӣ ва Зукур ишораи ўро фаҳмида, ҷавоб дод:
— Ҳо, дорам, ако, зан дорам.
— Ува? – ду даст бари синаи чап дошта, кўдак меҷунбондагӣ барин даст афшонд ў.
— Не, фарзанд нест.
— Ува-ува!
— Ҳо, Худо хоҳад, мешавад... Боз кай меоӣ, мегўед? Худо хоҳад, баъди панҷ рўз, – панҷа кушода гуфт Зукур. – Чӣ биёрам?..
Нон?...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор