Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Метарсам... метарсам, ки ба номи Худо қасам медиҳанд, ба падарам қасам медиҳанд, ба Чоркитоб қасам медиҳанд... он вақт чӣ бояд бикунам? Аз ҳамааш рў гардонам?... Модом ки туро гуфта аз ҳама рў гардондаам, аз Худо низ бояд рў гардонам... Чӣ гуфтӣ? А, чӣ гуфтӣ?
— Ҳеҷ чӣ... Ман хато кардам... Хатоиамро шаби аввал фаҳмида будам, хостам баргашта равам, тарсидам... Медонистам, ки дар ҳар ҳолат мемурам, нарафтам... Мурдан бошад – мурдан... Ман дигар чизи гум мекардагӣ надорам; як ту, ки рўзат мегузарад...
гиря накун, мегузарад, мегузарад... Модом ки модарам маро дидан намехоҳад, модом ки маро ҷўянд, гурехтанамро донанд, ман бояд мурам... Ту гўй, ки кадом навъи мурдан авлост? Дар назди падару модар худкушӣ кардан, аз дасти Ваҳшӣ мурдан, аз сармову гуруснагӣ ва ё ба даст афтода мурдан? Намедонам... Шояд ту ёрӣ диҳӣ, ки ман чӣ хел бояд бимирам?
— Не-е-е... Ҳммм... ман ба ин кор ёвар намешавам... ту набояд мурӣ, лекин роҳи дигар ҳам нест... худат нағз медонӣ.
— Агар ба ҷои ман мебудӣ?
— Агар ба ҷои ту мебудам?... Агар ба ҷои ту мебудам... агар ба ҷои ту... Намедонам... Ба назарам мисли ту ноилоҷ мемондам...
Ҳоло ба ҷои худ ҳам намедонам, ки чӣ кор бикунам... Як бор овехтанӣ шудам, намондӣ... Ёдат ҳаст?
— Ҳа-а-аст... Магар ин чизҳо аз ёди кас меравад? Инро касе фаромўш мекунад, ки ба вай некӣ кардаанд, каси некӣ карда ва ё бадӣ карда фаромўш намекунад, зеро некӣ карда ҳама вақт нигарон, ки некиаш мегардад, бадкарда ҳама умр дар азоб, ки дар он дунё ҳам азоб мекашад... Лекин ман дар ду олам азоб мекашам...
Ху-уб... маслиҳатамон ин хел мешавад, Сангиной: ту ба хона бирав, ман бармегардам. Ба касе зоҳир накун. Ман ба назди Ваҳшӣ бармегардам... Ҳар чӣ шавад, аз тақдир... Ҳар бор, ки моҳ серўза шуд, рўзи чаҳорумаш ба тори шахи Сафед менигарӣ, ҳамин ки дар буни шахча сиёҳӣ дидӣ, бегоҳ дар ҳамин камар мунтазир мешавӣ...
— Ту ҳамин ҷо ист, ман ягон чиз биёрам...
— Не, Сангиной... пай мебаранд. То ин дам деву парӣ гумон мекарда бошанд, гумонашон дигар мешавад... парӣ нон намехўрад, мегўянд.
Сангиной худро ба гардани Зукур даровехту гирист, чунон гирист, ки алами ҳама девонагиҳоро баровард ва боз барои он гирист, ки дар дунё эътимодӣ нест, оё дидор ба ҳам расад ё на?
«Ваҳшӣ... Чаро Ваҳшӣ?» ҳамин хел аз дил гузаронд Сангиной, аммо аз Зукур напурсид... Сахттар часпид, ки гум мекарда бошад.
Сари забонаш меомад, ки «намемонам» гўяд, аммо забонаш намегашт. Муқоиса мекард худ ба худ, ки чаро рўзи ба аскарӣ гусел кардан ба гардани шавҳар овезон нагашту имрўз ба вай часпида, сар ба банди дили ў гузошта, гўё тапиши дилашро гўш мекунад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор