Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хаёлаш ботил баромад, бозгашт ба ҷогаҳ, аммо хобаш набурд: «балое ҳаст, замона бебало не...ё дузд ё ҷосус ё... гурезаи гурусна». Ғалаёни фикраш зўрӣ мекард, ҳар замон занашро оринҷ мезад, ки чӣ гап бошад, вале баъди оринҷи ҷавобӣ задани занаш мефаҳмид, ки ў низ намедонад. Баъди андешаю бурру дўзҳои зиёд мардак лаб ба гўши зан мебурд:
«Боз барои келинамон набошад?»
«Намедонам» – ҷавоб медод дар бехи гўши шавҳар ва боз оринҷак мезад, ки келин бедор.
«Боз худи Абўзукур набошад?»
«Чӣ!?» – ин дафъа кўрпа аз рўй афканда хест модар ва Абўмансур аз дасти ў кашид, то келин бохабар нагардад.
«Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки баргашта меояд... Занашро нағз мебинад…»
«Чаро хомўш шудӣ?»
«Келин!»
«Лаббай!»
«Шунидӣ?»
«Шунидам, бобо!»
«Намедонӣ, ки чӣ?»
«Не.»
«Ту ҳам намедонӣ, холаат барин кар!»
Хонаи торик хомўши хомўш шуд. Сафедак зери айвон хомўширо вайрон кардан мехост: иринҷос мезад, ки дар гўшаш мўрчаву дар пўсташ кайк даромада бошад. «Беҳуда не... Ҳеҷ гоҳ чунин нағма намекард...» Паҳлў гашт Абўмансур ва бисёр мехост, ки занаш ё келин ягон чиз гўянд, то баҳс тафсад. Онҳо ба таври худ андеша мекарданду чизе намегуфтанд... «Баъди шаш моҳ...
Хок хўрад... Дар дунё ору номус гуфтанӣ чиз ҳаст... Рафту Зукур гурехта омада бошад... намемонам, роҳ намедиҳам... Аз барои бобову додош гапи шунида ба ҳафт пуштам мерасад... Инашро ҳам пеш-пеш мекунам; додову бачча рафта гуноҳашонро шўянд...
агар не, як умр рўсиёҳ мемонам... А? Наход ки келин хушдор пайдо карда бошад?... Келин!?»
«Чӣ мегўӣ?» – ҷавоб надодани келинро дониста, пурсид Абўмансур.
«Гапи худатона мепурсам...»
«Ту донистӣ, ки вай донад!»
«Ҳафтафаҳм! Ў медонад... Намедонист, ин қадар сарашро намепечид!»
«Келин!»
«Лаббай, бобо!»
«Холат мепурсад, ки келин намедонад, дар берун чӣ гап?»

пешина
аз 429
навбатӣ