Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

ва фахрад, ки аввалин бор аз таҳти дил меҳмондорӣ мекунад, бори нахуст хони неъмат чунин обод аст, ғайри шири мурғу ҷони одам ҳама чиз дорад. Бори панҷум аст, ки ў либосашро дигар карда «ассалом» гуфта аз дар дарояд ва ҳар бор ба чашми раис дигаргуна тобад. Истад сўйи прокурор нигарад. Прокурор гўё Сокинаро надида, аз буни гардани ў рост ба Истад зеҳн монад; лабонаш ба табассум моил шаванд, Сокина сабурӣ аз даст диҳад:
«Аҷаб баднафсед, шумо мардҳо, луқмаи даҳон фурў набурда, боз тикка гиред».
— Кӣ мегўяд, ки хонаи раис ин хел оддӣ мешавад, кӣ мегўяд, ки хонаи коргари савдо ин хел хоксорона мешавад? Барои одамони хоксору дилашон зебо! – сухан кард прокурор.
— Шумо заршинос, мўҳтарам... а? Донед, ки зар дар куҷо шавад? Дар вайрона... Не, вайрона не, дар ҷое ки кас гумон намекунад.
Прокурор нарм табассум кард; маълум, ки дар мағзи сараш як тирагие пайдо шуда, аммо ғурураш нагузорад, ки назди занҳо ягон пастӣ кунад, вагарна чун хурўс ба Истад дармеафтод; ба назараш Истад беҳтарин зан, Сокина дар муқоиса ҳабата тобад.
Ҳолиё ҳар ду ба чашмони якдигар нигаристанд; ба назари прокурор, Истад чашмак занад, ки ў берун барояд; ба назари Истад прокурор чашмак занад, ки вай бурун ояд... Истад боз бовар кард, ки Калонхон каси зиёдатист, агар ў набошад, прокурор чизе гўяд, аммо дар назди шў чизе гуфта натавонад. «Калонхон, ошхона равем» бехи гўши ў гуфт Истад ва ҳамроҳ бароварда дар он ҷо суханашро давом дод: «Ба ту бисёр нўшидан мумкин не, пагоҳ ба кор меравӣ... як дам рўйи ҳавлӣ гард, духтур фармуда буд, ки қадам занӣ». Баъд куртаи шифони гулобӣ пўшида даромад, на танҳо прокурор нигариста чизе гуфтанӣ буд, ҳатто раис бинӣ дароз кард, аммо Сокина ҳайрон буд, ки онҳо аз ин ҷавонзан чӣ бозёфт карданд, сўйи прокурор чашм ало кард, ў чашмакӣ зад, ки ҳамту – барои вақтхушӣ. Аз чунин нигоҳу эътибори мардон бол надошт, ки парвоз кунад.
— Якта бо мо нўшед! – хоҳиш кард прокурор, – Сокинахон медонанд, ки ман ба касе илтимос намекунам.
— Миннатдор, – ноз барин буд гуфтору рафтори Истад.
«Ҳоло ба шумо тўтиҳо нишон медиҳам» – аз дил гузаронд Сокина ва боз баланд илова кард: – Мард дар ҳама ҷабҳа бояд мард бошад! Ҳамин хел не, раис?
Бинии раис дароз шуд ва гўё ба сухани ў сарфаҳм рафта ба худ кашид, ки дашном дод:
— Шумо қанчиқҳо мардию номардиро аз куҷо донед?!
Сокина пай бурд, ки ниҳояти худдории раис аст, сўйи прокурор нигарист ва боз пай бурд, ки хато кард, аз ин хусус ҳарф

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо