Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Пас занак ҳама некӣ ва ташвишҳои ўро аз он донист, ки ба мардак ҳамдаме лозим. Оҳиста-оҳиста ғанабаш бурд ва фурсате нагузашта ҳаросида хест. Тапидани дилашро ҳис кард. Ў «қулҳу оллоҳу аҳад, оллоҳу самад» гўён се бор хонда ба атрофаш куф кард ва худро таскин дода, боз рўи кўрпача нишаст, баъд дароз кашид, чашм пўшид, вале ду шабаҳ дар пеши назари ў давр заданд. Нашинохт. Якеро аранге ба хотир овард: ба модараш монанд буд, вале сурати дигарро нашинохт. Ў чашм накушод, то онҳо гум нашаванд. Хост онҳоро дурусттар шиносад: сабр бикунад, то онҳо чӣ гўянд. Онҳо ба сўяш маҳзун ва мисли гунаҳгор менигаристанд. Худ аз худ лабони занак лар-зиданд. Ў тайёр шуд, то муддаҳо ононро гўяд, вале шабаҳҳо аз назараш дур шуданд. Чашм кушод, то онҳоро бинад, чизеро надид. Ҳаросаш зиёда гашт.
Моҳтоб саҳни ҳавлиро равшан мекард. Занак дар сояи нимҳоли девори ҳамсоя хаёл дошт. Тамоман хобаш парида буд. Давоми саргузаштро ба пирамард ҳикоят карданӣ буд. То он ки бо ў рў ба рў шавад, як бор гузаштаро пеши назар овард: Ў ҳайрон буд:
дар ҳолате ки ҷўгиён нони хўрдан надоранд, барои як газ нон Чинӣ пеши пои соҳибхонаҳо мемирад, ўро нигоҳ доштанашон чӣ зарурате дошта бошад?.. Зимистон наздик омад. Ҷўгиён мисли паррандагоне, ки ба ҷойҳои гарм парвоз кунанд, гурўҳ-гурўҳ бор бастанд. Онҳо ба сўи кўҳпораҳо рафтанд. Тоифаи ҷўгиён раҳораҳ дар чандин деҳа манзил карданд ва то даме ки аввалин пағаҳои барф аз осмон рехт, аз пушти харҳо кўч меканданду кўч мебастанд.
Ва оқибат, дар як деҳаи хурд, ки домони фарохе дошт, қарор гирифтанд. Ризқу рўзие, ки дар тўли роҳ рўёнда ва пасандоз карда буданд, дар ду рўз нарасид. Онҳо фаҳмиданд: ҳар қадар дороии мардум кам шавад, ҷўгиён харобтар гарданд ва гуруснатар шаванд.
Духтарак ҳар кас, ки номашро пурсад, «Холҷон» мегуфт. Ў номи худ ба касе нагуфтааст, балки фақат номи раҳматии модарашро мегуфт… Норҷон ном дорад. Ба касе нагўяд. Гўё аз ин ягон чиз тағйир ёбад. Фикр кунад, ки агар аз ятимхона ҷустуҷўяш кунанд, аввал ном пурсанд: «Норҷон гуфтанӣ духтарчаро надидаед?» Рафту ўро дар миёни тўдаи ҷўгиён пайдо кунанд, ҷазояш диҳанд: дубора қабулаш накунанд. Он ноҳ рондаи ҳарду олам гардад.
Ў ҷўгӣ шуд: ҳам дар сурат ва ҳам дар сират: рафтору шину хезаш ҷўгиёна гашт. Шармшикан шуд. Ҳамроҳи Чинӣ дарбадар гашта он чӣ занак мегуфт, дар дил такрору тақлид мекард. Оҳистаоҳиста баланд-баланд овоз бароварда пурсид: «Умри баччаҳакота диҳад, хайр бикун». Вале оҳанги суханаш ҳоло мисли гўйиши ҷўгиён кашишдор набуд, паҳн-паҳн гап зада наметавонист. Чинӣ таъкид мекард, ки тарзи гуфтори ҷўгиёнро ҳам ёд гирад. Духтарак мисли баррае буд, ки аз бозор оварда ба рамаи бегона ҳамроҳ карда бошанд, ў ҳар гоҳ худро аз рама берун зада гурехтан мехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё