Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 132 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 132 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҳай-ҳай-ҳай, ин мардакро бину, хайр, имсол не, соли дигар, – пеш омада гуфт Ҳаким ва даст дароз кард: – Биё, вохўрдӣ кунем.
— Валиҷон, хафа нашав, худам мебарам, – пеш омада гуфт Ашўра.
— Не, ман дигар хондан намеравам.
— Зўр будаст-чӣ? Нагуфтам, ки сахт тайёрӣ бин.
— Не, додо, муаллим аз ман пурсид, ки сафедорҳои Боғи Гарон аз кӣ, ман аз колхоз гуфтам...
— Э гаранг, нагуфтӣ, ки аз мо... Аз афташ, муаллим хонаи нав сохта истодааст, болор лозим...
— Ман чӣ донам, қабул мекард, ман аз ин бурсҳо болор бурида мебурдам.
— Хайр, боке не, ба фўрма одам намерасид, – гуфт Ҳаким ва досро ба китф андармон карда ба сояи арчаи лаби чашма рафт:
– Хуҳарам-муаллима, биё. Ҳўў, ако, бед! – Муҳаммадмуроди дар хамӣ алафдаравро ҷеғ зад.
— Омадӣ, писарам? – пурсид Муҳаммадмурод. Валӣ оҳиста сар ҷунбонд ва то угро хўрда, омин кардан ғинг нагуфт.
— Писарам, – ба Валӣ муроҷиат кард Ҳаким, – ту даравро мону даҳанаи Тангӣ рафта ду говбанд пудина чин, фардо саҳари баланд банд мебандем, – алафҳои хушкро дар назар дошта гуфт ў.
— Мор надорад?
— Мор чӣ кор мекунад? Нарасӣ, кораш не. Мор ҳам аз ҷонаш метарсад. Дос дорӣ, дар поят мўза.
Валӣ гумон кард, ки падараш ўро ҷазо медиҳад. Гап назада досро гирифт ва алафҳоро чок карда, сўи Тангӣ рафт. Ба Тангӣ наздик шуд. Бозистода, каме гўш дод. Оромӣ, хомўшӣ. Ҳатто садои шибир-шибири баргҳои найшакар ҳам ба гўш намерасид.
Бўи ҳулбў омад. Аз поён садои аз баландӣ рехтани шаршара ба гўш мерасид. Ў ҳаросид. Ба қафо нигарист. Баъд ба фикр рафт:
«Наход падарам қасдан ин корро карда бошад? Наход маро имтиҳон кунад...»
Пеши пояш чизе шипир-шипир кард. Валӣ як қадам ақиб монд.
Ғуке ҷаҳида, худро ба об зад. Валӣ нафаси дароз кашид. Боз ба хаёл рафт.
«Одамон мегўянд-а, кор омад дораду ноомад. Корам-ку аз аввал омад накард, вале «болои мурда – сад чўб» ин кори падарам чӣ маънӣ дорад? Ё... ё...»
Хаёли ўро як говмалахе, ки аз пеши пояш ҷаста он тарафи об гузашт, парешон кард. Баъд пудиназор диққати ўро рабуд. Ў гўё худро бепарво ангошта, чанд тора ҳулбў канд, решаҳо лою реги зиёдеро бардошта хестанд. Пас ў худ ба худ хаёл карда, тораҳоро ду тақсим карда, нўг ба нўг печонда, бандина сохт ва якбора ба об андохта, гўё мор газида бошад, тохта ба пайраҳаи кўҳнае, ки алаф пўшида буд, гузашт ва лаб-лаби об ба овул рафт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан