— Ба худо, ки шумо дуо кардед, барои ҳамин қабул нашудам...
— Акнун фаҳмидӣ, ки ризои модар чист?
— Соли дигар ризо мешавед-а, оча?
— То мурданам ризо намешавам, баъди сари ман ту дону ҳар хору хасе...
— Ман медонам, ки шумо ягон бор маро ҷанг накарда будед, барои чӣ...
— Гуфтам-ку, баъди сари ман...
— Шумо гумон мекунед, ки ман ҳеҷ чиз надонистам... Муаллим аз ман аввал номи деҳаамонро пурсид, баъд «ҳамон сафедорҳои баланд аз они кӣ?» гуфт. Ман ҷавоб додам, ки аввал боғҳои одамон буд, баъд колхоз гирифт. Оча, росташ, номи соҳиби боғҳоро надонистам.
— Муаллим дуруст кардааст. Таърих хонда будӣ?
— Ҳа.
— Дидӣ, таърихи деҳаи худатро намедонӣ, номи бобову бобокалонатро намедонӣ. Баъд амаки Муҳаммадмурод, Каримбой, Мулло Ҳасанро ном мегирифтӣ, чӣ мешуд?
— Ман гумон кардам, ки вай номи соҳиби боғҳоро медонад.
— Ҳоло бисёр гумон мекунӣ, писарам. Акнун досро гиру угроро ба хурма андохта, ба Пушти шах бар, додот он ҷо алаф медараванд. Додаронат ҳам он ҷо.
— Не...
— Ҳа, шарм мекунӣ?
— Додом хафа мешаванд.
— Ман хафа шавам, хуб-а?
— Муаллима-хола ҳам...
— Мефаҳмӣ-а? Гапро дигар ҷо мебарӣ! Муаллима-холет ҳам дар ҳамон ҷо. Ман як умр ба ў чўрӣ шавам ҳам, қарзам адо намегардад... Тез рав, онҳо гушна монданд...
Валӣ қири миёнаро гузашта, ба дараи дигар рафт ва ба ҳамвориҳои Пушти шах роҳ пеш гирифт. Вале чун падарро дид, мадори пояш суст шуд... «Равам ё не» аз дил гузаронд ў ва бозистод. Ў аз дур дастаҳои ба мисли пойандозҳо дароз-дароз ва баробар партофтаро дида боз қадам зад. Наздик омад.
— Валӣ! – фарёд зад Алӣ ва неши досро ба замин зада, тохт.
— Хуҳарам-муаллима, нагузаштааст-чӣ? – ба Ашўра рў овард Ҳаким.
— Не, Валӣ-доно...
— Ассалому алайкум! – оҳиста салом дод Валӣ.
— Ҳа, овозат пас? – пурсид Ҳаким.
— Валӣ ба ҷои ҷавоб сар хам кард ва гирист.





