Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 127 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 127 аз 470 · 3 ноябри 2026

рухуш кардан омада бошад. Ў ба омўзишгоҳи омўзгории шаҳр рафта хонданист. Вале модар мегўяд, ки аз наздам дур нарав, нури чашмонамро роҳ гирифтааст, ту равӣ, боз кай меояд гуфта, роҳбонӣ мекунам, чўпон шав, деҳқон шав, вале аз пешам дур нарав. Аммо падараш дигар: ўро ҷанг ҷаҳондида кардааст, бисёр чизро сарфаҳм меравад. «Ихтиёраш, аз район дуртар ҳам рафта хонад, майлаш» мегўяд.
Валӣ ин чизро гумон надошт. Баробари тохта омадани Бунафша сатили ангури дасташро ба замин гузошт ва хоҳарашро бардошта бўйид.
Валӣ дар даромадгоҳи овул аввал бўи нони дегӣ, сипас бўи ширу ҷурғотро шунид. Оқибат Бону «очаи муаллим-бачча мурад»
гўён оғўш кушода, ба пешвозаш баромад ва ўро сахт ба оғўш кашида бўсаборон кард ва пурсид:
— Тамом шуд?
— Тамом шуд.
— Боз меравӣ?
Валӣ чизе ҷавоб надод. Сар хам кард.
— Хайр, имшаб маслиҳат мекунем.
Ҳамин вақт Ҳаким харҳои ҳезумро ҳай карда омад. Валӣ тохта рафта, ба падараш салом гуфта, вохўрдӣ кард, пас ресмони рўкашро кушода, ҳезумро фаровард.
— Ана, дастёрро дидед, боз мегўед, ки хондан равад, – муддаояшро фаҳмонданӣ шуд Бону.
Дасти Валӣ ларзид ва ранги рўяш дигаргун шуд. Ҳаким ҳоли писарашро пай бурда, ба Бону чашмакӣ зад, то хап шавад.
Оби сой ва боди кўҳ пеши гарморо гирифта натавонист, ҳаво
1 дам зад. Зиллаҳо аз байни буттаҳои абруку сари кўмодҳо ва алафҳои лаби об фарёд мезаданд. Ҳамдигарро аз тафсои рўз хабардор мекарданд. Гармсер аз домана то саргаҳи Бурснова забона мезад.
Гуппиҳоро даруни хиргоҳ дароварданд. Баъде ки намадҳои сиёҳ ҳам тафсиданд, гуппизаниро бас карданд. «Дар гармо равған ҷудо намешавад» гўянд гуппизанҳо...

— Нагуфтам, тағо, ҳушёр бошед! – Ҳаким гўё ки баробари Шавкат тормуз медода бошад, по ба пеш ва тахтапушт ба қафо тира кард. – Хайрият, чӣ кардаатон пешро гирифт-дия, тағо.
— Занҷир канда шудаст-чӣ? – ронанда шубҳа карда аз мошин фуромад ва маънии «хайрият» гуфтани Ҳакимро фаҳмида, ҳангаш канд, бошитоб занҷири чархҳои ақибро хабар гирифта хотирҷамъ шуд ва нўг-нўги по қадам монда, ба мошин баромад. Мошинро ақиб бурд, ба рост гардонда боздошт. Арақи пешониашро пок кард, нафаси дароз кашид. Алам аз гази мошин гирифта, педалро сахт-сахт

  1. Камол пахш кард.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан