— Аз гушнагӣ мурӣ, садқаи сарам! – ақиб гашт Зироат. Вале боз дилаш сўхт. Вақте ки Ҳаким харҳоро полон зада ба ҳезум мерафт, ба дастархон нону панир оварда гуфт.
— Ако, сари роҳ ҳамин дастархонро ба отаи Тўра дода гузаред, девона қаҳр карда рафт.
Ҳаким дастархонро гирифта, ба хари бўр савор шуд ва хари буччаро пешандоз карда аз паси пода рафт ва соате нагузашта,
1 ду хар зардакӣ бор карда оварда, паҳлўи ошдони ширпазӣ фуровард.
— Ба касе ҳезум лозим шавад, гирад, ман боз меорам,– гуфт ва ба Зироат рў овард, – хуҳарам, ту ҳам аз ҳамин ҷо гирифта сўхтан гир, дигар тори сарат ҳезум накаш… Тўйчӣ нонро гап назада гирифт... Нози шўй ҳама вақт ҳаст.
Як моҳ нагузашта чаҳор ҷуволи ало, ки дар лаби марза ҳачча (поя) кўфта, овехта буданд, аз ҷурғот пур шуда ва обаш давида, чакка гашт. Гирди онро чиғ гирифта буданд. Имрўз Ҳаким дар паҳлўи ҷуволҳо ду ҳаччаи дигар кўфт ва ҷуволи нав овехт. Занҳо ҷурғоти корсонҳоро оварда андохтанд ва пас аз лаҳзае аз байни тораҳои бофта мисли ашки бевазанон зардоб зим зада баромад.
Пагоҳи дигар баъд аз подаро бурдани Тўйчӣ занҳо гуппиҳоро дар назди хиргоҳи Муҳаммадмурод қатор гузоштанд. Баробари теғи офтоб аз деҳа зану духтарҳои зиёде ба гуппизанон омаданд:
айнан расму русуми гузашта, ки ҳар молдор дар рўзи гуппизанонаш тамоми хешу таборро хабар мекард. Баъд пиразане миёнашро сахт мебаст ва болишеро ба тори сар гузошта аввалин табақи чаккаро ба гуппие, ки оби ширгарм рехта буданд, меандохт ва ҳама баробар «ҳа-ҳууу, сўхт» мегуфтанд. Пиразан ба гуппӣ ду-се пушкак мезаду навбатро ба ҷавонзанҳо медод. Баъд аз ин ҳар кас ҳуқуқ дошт, ки ба гуппиҳои дигар чакка андозад ва пушкак занад.
Айнан имрўз ҳам зани кўҳансол, вале хеле бардаму нуронӣ Зубайда миёнашро сахт баста ва ба фарқи сар болиш гузошта, латтаеро дар нўги химча оташ зада гуппиҳоро алас кард ва баъд чакка андохта пушкак зад. Аз дасти ў зани боқувват Зироат гирифт, меҳмонҳо ҳам дам ба дам ба гуппизанӣ гузаштанд, чаҳор гуппӣ баробар «ғав-ғув» мекарданд. Акнун хомакро (маскакро) бояд як дасти тоза гирад. Кампири Зубайда дастонашро тоза шуста ба гуппии аввал як панҷа оби хунук зад ва андаке гуппиро ҷунбон-ҷунбон кард, то равған рў барояд, баъд аз паҳлўи дастаи пушкак даст андохта хомакро бароварда, ба корсон гузошт.
Ҷавонзанҳо дўғи гуппиро дар ҷуволи нави дар байни ҳаччаҳо овехта мегардониданд.
Валӣ мактабро тамом карда омад, синфи ҳафтро. Эҳтимол барои бо модараш, падараш, додару хоҳаронаш ва бо овул хай-
- Зардакӣ – шохҳои буридаи бурс, ки хушк ва зард шудааст.





