— А? – як қад парида нигоҳ кард бригадир. – Хайрият, ҳамин хел касон ҳам ҳастанд, ки одамро шинохта баҳо медиҳанд.
— Боз чӣ шуд?
— Бойбаччаҳои гузари Боло ба Ашўра хандида истодаанд.
— Наход дар зиндагӣ ин гапи нав бошад... Абдуҳаким, дар зиндагӣ некӣ кардан ҳамеша нав аст, вале бадӣ аз қадимулайём мондааст. Ту дидаӣ, ки ягон кас ба ягон кас «бадӣ бикун» гуфта насиҳат карда бошад? Не, албатта. Вале «некӣ бикун»-ро ҳар рўз ва дар ҳар сўҳбат мегўянд. Зеро некӣ кардан аз дасти ҳар кас наояд; бадӣ, ту нахоҳӣ ҳам, миёни дасту по баромада монад. Барои ҳамин ба гапи ҳар кас эътибор надеҳ ва аз ҳар гап хафа нашав.
Пода аз саргаҳи Сафедхок ба Чориф хам хўрд. Гўё дигар чизи тамошобоб набуд. Сабзаи баҳор ва лолахасаку лолаарўсак адиру пушта, боғҳо, миёни майса ва лаб-лаби ҷўйборҳоро рангин карда буданд. Вале ҳоло дар шохи садаи деҳа булбул пайдо нашудааст.
Мурғи пайғомбар гоҳе ба сари харсанги лаби теппайи болои деҳ нишаста «ҳинг-ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ» гўён ҷуфташро ҷеғ мезанад ва боз парида ба лонаи дар шохаи чанори азим гузоштааш меравад ва аз он ҷо мисли тойчаҳо шиҳа мекашад. Баъзан дар чанголаш мореро кашол карда мегузарад ва ба рўи деҳа, ки омад, морро раҳо мекунад ва аз пасаш тез фаромада аз нимароҳ дошта боз боло мебарояд.
Оқибат ба сари санг нишаста боз ҷуфташро фарёд мезанад ва пас аз фурсатҳо садои «чӣ-чӣ-чӣ»-и чўҷаҳояш мебарояд. Мурғи пайғомбар мисли уқоб аст, вале ҳар баҳор дувоздаҳ рўз қабл аз соли нав – иди Наврўз омада дар ҳамин шохи чанор лона мемонад, тухм мекунад, чўҷа мебарорад ва ҳамин ки тирамоҳ расид, парвоз карда меравад. Мурғи безарар аст ва фақат мор – бадиро нобуд мекунад. Баъзан сояаш мурғчўҷаҳоро ба ҳарос меорад.
Чанор дар мазори пушти боғи Ҳаким воқеъ аст ва ў аз ҳаёти ин мурғ хабар дорад. Баччаҳои Ҳаким номи ин мурғро «аспи ҳиҳирокӣ» мондаанд.
Ин пагоҳ Ҳаким аз мурғи пайғомбар ҳам пештар хест. Пас аз ношто харро полон зада ба ҷўйканӣ меравам гуфта буд, ки дарвозаашро касе кушод.
— Муаллима?
— Ҳа.
— Ассалому алайкум!
— Валайкум... Муаллима! Биёед...
— Ҳаким харро аз нав баста ҳамроҳи Ашўра ба хона даромад.
Бунафша «муаллима-хола» гўён чашмонашро молида, аз ҷогаҳ хест. Ашўра ўро бардошта бўсид ва хандида гуфт:
— Акнун ферма-хола гўй.
— Не, муаллима-хола.
Ашўра ўро ба сари дилаш пахш кард ва хандида гуфт:
— Ҳамроҳи ман ба овул меравӣ?





