Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 113 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 113 аз 470 · 3 ноябри 2026

Мардуми деҳ ба тамошо баромада, ба аспсавории Ашўра ва тозиёна зада «чу!» гўён пешопеш рафтани ў хандиданд, ҳамчунон хандиданд, ки давраҳои аввали муаллимиаш ба ў хандида буданд.
Онҳо хандиданд ва баъд, гўё ягон воқеа ба ёдашон расида бошад, ҳама хомўш шуданд.
— Ҳаа, – мад кашид писари Абдуллобой, – як вақтҳо Сафедхокро молдорон рост шуда мебаромаданд.
— Ҳа, рафтани молҳоро медидему омадани қуруту равғанро,
– ҳамроҳ шуд Собир.
— Вале ин хел пешопеш рафтани модаро надида будем, – одамонро хандонданӣ шуд Аҳмад-чатоқ.
— Мактабро таҳ карданд, колхозро маҳ мекунанд, – боз ғурунгид писари Абдуллобой.
— Намонед як кас ба роҳаш бемалол гардад! – гўё тарафи Ашўраро гирифта гуфт Ҳаким...
— Ҳоҳарат мешад?
— Не, хоҳарзода, – ба саволи Собир ҷавоб гардонд Аҳмадчатоқ.
— Духтарам мешад, чӣ мегўӣ?
— Даҳонаша бина! Духтарам гўяд, аз даҳонаш алав мепаррад!
— Хайр фарз кардем, ки духтари ман нею духтари худи ту.
Он гоҳ чӣ?
— Онгоҳ ҳеҷ чӣ. Кордро мегираму аз даҳонаш рўбадастурӣ пўст канд.– ҷиддӣ гуфт Аҳмад-чатоқ.
— Баъд худатро аз куҷот пўст мекананд?
— Намедонӣ аз куҷо?.. Аҳмақ... ба ту чию? Хап носата кашида гаштан гир.
Ҳаким дигар ба ў чизе нагуфт ва гўё аз гап ҳамроҳ кардан пушаймон, оҳиста аз қатор берун баромад ва дар зери дарахти сада бригадирро дид, ки ба Сафедхок чашм дўхта, кўчи овулро тамошо мекард. Ў ба назди бригадир рафта истод ва гўё бо ў ҳамчашм шуда аз паси овулиён нигарист.
Говҳо хамдигарро тела дода, барозро мебаромаданд. Аммо вақте ки бегоҳон пода бо ин роҳ ба сўи деҳа мефарояд, чанги Сафедхок мисли абри сафед баланд мешавад ва адиру деҳаро садои «бонг-бонг»-и говон фаро мегирад... Ҳоло пода мисли пирамарди мадораш рафта, ниҳоят суст ҳаракат карда, аз Сафедхоки Хурдӣ ба Сафедхоки Калонӣ мебарояд ва дар ҳар гардишгоҳе бероҳа шуда, ба сўи майсаҳо меравад ва подабон «боо, бош!» гўён ғурмчўб ба пеши онҳо ҳаво медиҳад...
— Аҷаб боғайрат аст ин Ашўра, – гўё дар паҳлўяш будани Ҳакимро дониста, гуфт бригадир.
— Рост...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан