— Мебинӣ, Ҳаким, оҳан фақат ба оташ таслим мешавад! – аз садои чарх баландтар овоз кард Мухтор. Ҳаким «ҳаа» гуфта чарх мекашид. Тасма дар рави чарх бозӣ мекард, ба чапу рост мепечид, кушода мешуд. Ҳар ду дар ду тарафи чарх тануманд менамуданд, мисли гурззанҳо буданд ва гўё тамоми кори саҳро ва кори колхоз маътали онҳо буд...
— Ман аз ту қарздор, – Мухтор, – шикастадил гуфт Ҳаким.
— Не, Ҳаким, ба ин кор колхоз ба ман рўзи меҳнат медиҳад, бемалол рафтан гир, вақтат шавад, даро, чақ-чақ мекунем. Имрўз корам бисёр.
— Хайр, саломат бош! Вақт шавад, медароям.
— Салом, ако! – аз пас овози зане шунида шуд.
— Салом, муаллима! Аҳволат?
— Раҳмат, нағз. Баччаҳо саломатанд?
— Раҳмат, хуҳарам! Туро ҳар вақт мепурсанд. Камнамо шудаӣ?
— Мактаб аз нав сар шуд, ако, аз саҳар то бегоҳ дарс, монда мешавам. Ин вақтҳо ба колхоз ҳам ёрӣ дода наметавонам.
— Ман акнун ба ҷои ту ҳам ёрӣ медиҳам. Валӣ ҳам..
— Ҳа, Валӣ калон шудааст. Обу алови рўзгорро саришта мекунад.
— Хуҳарам, ба ту ягон чиз лозим нест? Ҳезум ё...
— Не, ако, ҳеҷ чиз... Агар илоҷаш бошад, баъзан Бунафша биёяд. Дилам аз танҳоӣ ваҳм мекардагӣ шудааст.
— Хуб, хуҳарам, Бунафшаро мефиристам...
Муаллима ду гўшаи рўймоли сафедро таги гулў гардонда, сари китфон партофта буд. Зани зебои нуронӣ менамуд. Рўймоли сафед ба ў мегуфт ва ўро зебову дилкаштар нишон медод. Миллаҳои сиёҳаш бар қадди шилшилаи рўймоли ғиҷими сафед ҷанг мекард. Кафшу маҳсӣ пўшида буд ва дафтару китобро ба синаи чапаш пахш карда роҳ мерафт. Ў мехиромид, чашмони мардони деҳ аз паси ў метофтанд, вале касе намеёрист, ки ба ў ҳарфи ноҷо занад...
— Бунафша, муаллима - холаатро дидам. Гуфт, ки Бунафшаҷонро мучӣ бикун, баъд гўй, ки ба хонаи ман биёяд, меравӣ?– ба духтараш гуфт Ҳаким.
— Ҳа, додо, муаллима-хола нағзак.
— Ҳа, ту бамаънӣ бишав, рўи ҳавлиро рўбу чин бикун, бегоҳ ҳамроҳи Алӣ меравӣ.
— Ниниҷон чӣ?
— Ниниҷон калон шавад, ҳамроҳи ту меравад.
— Хайр, дада, ман пеши муаллима-холем мерам.





