Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 110 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 110 аз 470 · 3 ноябри 2026

Оҳиста оҳиста сурхии оҳан дур шуда, аввал рўи онро пардаи хокистарӣ гирифт, баъд сиёҳ шуд. Аз зарбаҳои путк шарораҳо мепарид ва сафедча гашта пеши пои Мухтор мерехт. Оҳан аз зарби чаккушу бодкон ба шакли ҳилол омад. Усто онро зада-зада қат кард ва наъл сохт.
Дам дароз-дароз пуф мекард. Пеши назари Ҳаким шабе омад, ки занашу писараш ба навбат пуф карда, оташро афрўхта наметавонистанд. Садои чаккуш ўро ба худ овард, баъд:
— Мухтор, Валиро шогирд гирӣ, чӣ мешавад?– гуфт.
— Мон, ҳамин чақу чуқро,– эътироз кард Мухтор, – аз ин кор дида тракторчӣ шавад, беҳтар. Трактор дуто шавад, ҷуфт ба ту ҳам намерасад.
— Кўҳ, ки дорем, бе ҷуфт намешавад,– ҷавоб дод Ҳаким.
— Ҳа... Ҳаким, лаънатии Гитлер агар ба қомати нав ростшудаи мо ана ин хел путк намезад,– гуфта Мухтор ба оҳани сурх чаккуш зад,– ин қадар азоб намекашидем.
— Ба дами оҳангариат зеҳн монда, корҳои ҳамун лаънатӣ ба ёдам мерасад. Мисли ҳамин дам пуф-пуф гуфту нафасаш гашта, хомўш шуд. Вале мо ин оҳан барин сурх шудем, ба сарамон кўфтанд, сард гашта, боз оҳан шудем..
— Ин гапҳоя мон, имсол буз медиҳӣ, ки чорта «ҳу» гўем? – гапро ба дигар тараф кашиданӣ шуд Мири асптоз.
— Ээ, маст, бузро ғами ҷону қассобро ғами чарбу.
— Намур, акнун, тўйи Валиро ҳоло ҳам таъриф мекунанд.
— Мон, Мирмаҳмад, тинҷтар шавем, хоҳӣ, худамро ҳам аз нав тўй мекунам, ҳамин хел не, Мухтор?
— Рост, Ҳаким, қомат рост кардан лозим, – тасдиқ кард ў ва аз зери оташ табари оташинро ба анбўр бардошт ва боз ба Ҳаким муроҷиат кард:– Ҳамин табарро чинам, баъд навбати чарх.
Ў ба табари пешгашта чаккуш зад. Шогирд арақи пешониашро бо ангушт виреч кард. Аз нўги ангушташ арақ шорид, сипас китфони фарохашро бардошта путкро бар асари чаккуши устод зад. Ҳарчанд оҳан гудохта буд, базўр пай мешуд. Табар ҳамвор нашуд, боз ба оташ гузошт.
— Каме дам гир, – ба шогирдаш гуфт Мухтор ва чархро аз назди сутун гирифта, аз дар бадар шуд. Чархро ба ду мехе, ки дар дами дар кўфта шуда буд, устувор кард ва тасмаи чармиро ба тири чарх печонд ва худ сари чарх нишаст. Ҳаким аз он тараф гузашта аз ду нўги тасма гирифт ва ду по ба ду мех тира карда тасмаро кашид. Дастони Ҳаким пешу қафо мешуданд чун пойҳои марди равӣ. Ў ба як меъёри муайян чарх мекашид, гўё шину хез мекард.
Мухтор досро ба чарх дошт: досу чархсанг «ғав-ғув, ғиз-ғуз, тизтуз» садо мебаровард ва шарораҳо медурахшиданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан