Шоҳроҳи истиқлол

Шераки ОРИЁН
(Абдурофеъ РАБИЗОДА)
Аз китоби
«ЧАКРАҲО»
Ҳикоёти фалсафӣ
ДИЛИ МАН
Сафедии мўйи ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
Ожанги рўйи ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
Камнурии дидагони ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
Беҳолии дасту по ва бемадории ҷисму ҷони ман бигўяд:
«зиндагӣ гузашта».
Қомати хамоварди ман бигўяд: «зиндагӣ гузашта».
…Гузашта ва гузашта зиндагӣ…
Вале дили ман гўё ҳамин ҳозир ба олами ҳастӣ омада ва ба он дида гушуда бошад ва шаҳди зиндагиро гўё ҳамин ҳозир чашида бошад, ки метапад. Метапад ширин, метапад пурҳаловат, метапад пурэҳсос.
Дили гўё ҳамин ҳозир тавлидёфтаи ман менигарад ба дунёи атроф. Менигарад бо чашми мутаваҷҷеҳи кўдакона. Ва чунон ки бачагон ба шавқу завқи ботинӣ омада бошанд, дили ман ба шавқу завқ меояд бачавор. Ба шавқу завқ меояд аз рангҳои зиндагии дар ҷараён. Дили ба завқ омадаи ман бозикунон хуни ҷўшхўрдаи худашро мефиристад ба ҳастии амсоли зиндагӣ кўҳангаштаи ман. Мефиристад бо ҳаракатҳои пуртуғён. Мефиристад, то ҳар ҷузъи карахтшуда, аз ҳавсала монда ва коҳидаи маро ба ҷумбиш оварда тавонад, ба таппиш андохта тавонад.
Дили ман бо хуни равонаш ва ҷўшонаш ба узвҳои коҳилшудаи ман гуфтан мехоҳад «ай карахтон, ай ландаҳурон, ай коҳилон, огаҳӣ надоред магар, зиндагӣ шурўъ гардида, ба ҷумбишу ҳаракат омада, ҷўши дигар гирифта. Ҷўши дигар гирифта зиндагӣ…
Ай коҳилон, ай карахтон, ай ландаҳурон! Шуморо низ ҷумбише бояд, таппише шояд. Ҷумбише бояд, таппише шояд ба амсоли ман!…»
Чунин мегўяд бо гурс–гурси мудоми худаш дили ман ва равон мекунад хуни ҷўшони хештанро ба узвҳои дигари пакари ман ва узвҳои дигари пайкари ман!…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ