Шоҳроҳи истиқлол

Тантанаи зистани нав, орзуи нав, умедвории нав… Ана бо чунин хаёлпардозиҳо мафтуни тамошои рўди Душанбе будам, ки нохост садои ғафсе ба гўшам расид, ки гўё аз ковокии дарахти бузурге мебаромад:
«Ҳай дареғ! Ҳай дареғ!..».
Оҳиста баргашта нигоҳ кардам. Дидам, ки дар болои пул ба ҷуз ман ва як марди деҳотинамое, ки ба хаёлам, пойҳои гаронаш кайҳо аз ҷисмаш безор шуда буданд, дигар ҷонзоде ба чашм намерасид. Бо ҳайрати зардаомез аз вай пурсидам:
– Чаро дареғ мегўед? – ва худ аз чунин саволи додаам мутааҷҷиб шудам. Худро ба коҳиш гирифтам, ки кори ту чӣ, ки вай дареғ мегўяд ё вовайло!. Охир, як одами бечора, шояд ба ташвиши худ овора аст ва кӣ медонад, ки чӣ дарди ниҳоне дорад.
– Дареға ба хотири худат нагуфтаам! Ягон пурсиши дигар дорӣ? Ин каллаи калон барои дареғ гуфтан аст. Ин дунё дунёи дареғ будааст.
Мардак бо ҳарду кафи дасти хушпанҷа сарашро дошту ало – ало ба ман нигарист. Мехост ба ман нишон диҳад, ки чи каллаи бузурге дорад. Аммо бадқаҳр наменамуд, танҳо ким – чӣ хел озурдахотир метофт.
Ман гўё мусибати устод Ғолибро фаромўш кардам, ки бо қаҳр гуфтам:
– Ҳамин дидани каллаи ту аз тамошои оби дарёи Душанбе зеботар аст? Пурсидан ба ин маънӣ буд, ки худам нав аз ҷанозаи ҷавони ғўрамарг омадаам. Мехостам андўҳамро ба дарё бирезам. Аммо ту халал расондӣ. Дареғ гуфтан диламро меларзонад.
Мардак дигар ҳарфе ба забон наовард, гўё дар болои пул мисли симчўби кўҳнаи сиёҳ шах шуда буд. Фақат ҳайрон – ҳайрон ба ман менигарист ва азбаски нигоҳаш чизеро ифода намекард, ман аз вай рўй гардонда, боз ба дарё чашм, дўхтам.
Дарё чашми кўдак барин тозаву дилкаш буд. Шавшуваш ба гўш форам менишаст ва ба хаёлам, ки синаи ғубори торафт ба замин фурояндаро медарид. Насими серунаш болоболои маҷро давида, ҳуши касро тоза мекард.
Қариб он мардакро аз ёд мебаровардам, ки ин дафъа садояш аз наздиктар ба гўшам расид:
– Ман, маълим, дар галструкат садқа, дареға барои худам гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ