Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бек аз зарурат хукбонира ба ўҳда дорад, то ки ҳамин хугҳо ба боғуроғ ва сабзкориҳои шумо надароянд. Аммо, – ба ҷониби раис рўй овард домуллоимом, – мачит ҳарчанд имрўз футур рафта бошад ҳам, ҷои хуг нигаҳдорӣ нест. Ҳисоби ин кора ёфтани шумо зарур, раис!
Дар фазои чойхона ғулғула баланд гашт. Раис имдодхоҳона ба мудири мактаб нигарист.
– Ин кор аз ноилоҷӣ шуд, ҳазрати домулло! – гулў афшонда гуфт мудири мактаб. – Ба ҷои фермаи колхоз ва ё оғилхонаҳои мардум намояндаи райком муваққатан ин ҷои валангору бекора партофтаро интихоб кард. Аз гову моли ҷамъиятӣ ва яккахочагиҳо канора боша беҳтар, гуфтан. Ғайр аз ин кӣ ҳақ дора аз амру хоҳиши райком сар печа?
– Рафиқо, пеш аз ҷанг ба баъзе қишлоқҳо хуг оварда буданд. Албатта фаромўш накарде. Мо илоҷе ёфта сар печидем, гуфтем ҳоло шароит надорем! – Болиштро аз такя гирифта ба девор гузошт ва тахтапуштаро ба он ҷафс намуда гуфт раис.
– Магар илоҷи дигаре ҳам дорем, не надорем! – аз кунҷе касе овоз баланд кард.
– Аз ҷанги Гирмон як сол гузашт, ана боз хугбиёрӣ сар шуд.
Не гуфтем, зорию тавалло кардем, нашуд! Гуфтан, мо ба Маскав хуг роҳӣ мекунем, ай ун ҷо ба мо чизҳои даркорӣ мефиристанд. Се чор рўз пеш боз назди калонҳои район рафтум, арзу доди мардума расондум. Сабр куне, чора меёвем гуфтан. Замона ҳамин хел омадай, халоиқ! Бела ба равиши об гуфтиян.
– Коре куне, ки ҳам гуфтаи роҳбар ба ҷо биёяву ҳам мардум ризо шава. То барфу борун дар найзори поён шиғбасти нав сохта, хугҳора ҷо мекарде, кор ранги дигар мегирифт раис, – маслиҳатомез гуфт домуллоимом.
– Шунидӣ Бег! То ба як қарор умадани мо хукҳоя ҳамон ҷо бубар, – амр кард раис.
Бек аз чойхона андешаманд баромад ва сўи сангоб роҳ гирифта назди шаршараи обдара омада нишаст. Се панҷа об ба рўяш зад. Аз гуфтаҳои домулло дилаш андаке таскин ёфта бошад ҳам, аммо мушкилашро осон намедид. Сари по хеста чуқур – чуқур нафас кашид ва дилаш каме беҳузур шуд. Бемадор болои тахтасанг нишаст ва гўшҳояш дуру дароз садо доданд. Ниҳоят, ин садо ба овози ғазаболуди ҳамсояи ҷоҳили дасти росташ бадал шуд, ки мегуфт: «Дасти макруҳи Бек ба об расид. Аз ҷои нишастаи ў поён об нахўре–е, нахўре–е–е»

пешина
аз 276
навбатӣ