Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Аз ақл гап назан, раис. Ба молу ҳоли давлат ин хел хунукназарӣ намекунанд. Агар як хуг барҳам хўрад, бо сарат, бо билети фирқагият ҷавоб мегўӣ. Ана гап дар куҷо! Ду сол пеш дар бюрои райком дар бобати ин мачит ба ту танбеҳи сахт дода буданд. Лекин худро ба нодонию гўшҳоята ба карӣ задӣ. Дар ягон деҳа мачит намондаст, раис, ба ғайри деҳаи ту. Дар ҳақи мову ту баринҳо рафиқ Маркс медонӣ чӣ гуфтааст? Лабата каҷ нагиру гўш кун мардак! Дин ин афюни халқ, мегуфтаст рафиқ Маркс. Ту бошӣ, барқасд дар маркази деҳа афюн нигаҳ медорӣ? Гапа ғоз доданат хуб не. То ҷо ёфтан ана дар ҳамин як гўшаи мачит хугҳоро ҷой мекунӣ, раис!
– Ин хел бошад, байни ин мардум дигар истода наметонам. Кўч мебандам, – рўяшро аз намоянда гардонда гуфт раис.
– Ихтиёр дорӣ, мардак. Лекин ҳамин қадар медонам, ба ҳар куҷое буравӣ, барои ин кирдорат ҷавоб мегўӣ. Ба ин давлати коргару деҳқон шўхӣ накун, раис! Танобаш дароз.
«Ман!» мегуфтагиҳоя бисёр дидем! – Намоянда оташин шуда баланд гулў афшонд.
Бегоҳ, ҳангоми говгум Бек ҳамроҳи тоторзан ва он милиса хукҳоро ба масҷид оварданд. Ҷое ки деворҳо валангор шудаю футур рафта буданд, шохаҳои дарахт гузошта ва аз санг баробари қади одам девор бардоштанд. Тоторзан муддате чанд тарзи бо хукҳо муомила карданро ба Бек фаҳмонд ва худ иқрор шуд, ки ў муслимзода аст, падару модари ў низ гўшти хук намехўранд. Аммо аз рўи зарурат имрўз ин хидматро ҳам бояд ба ҷо овард. Яъне, зарур бошад, раво бошад, гуфтаанд.
Аз ин тарз анҷом пазируфтани кор намоянда қаноатманд шуда бо раис хайру хуш кард ва бо ҳамроҳонаш роҳи районро пеш гирифт. Аммо то қарори шаб раису Бек дар атрофи масҷид ҷунбуҷўл карданд. Сатили сўрохи зангзадаеро ба сим баста болои дари масҷид овехтанд, мебоист ё ду–се ҳафта то ба салоҳ омадани мардум шабҳо низ Бек ин ҷо мемонд. Агар касе ба нияти бад ба масҷид наздик биёяд, он гоҳ Бек бо чўбдаст ба сатил зада, раис ва атрофиёнашро гўшрас мекард.
Аз ин воқеа чанд рўз пушти сар шуд. Раис, ки шомгоҳон ба чойхона рафта дар ҳалқаи мардум менишаст, акнун рўяш дуд гирифта, аз онҳо канора меҷуст. Бек бошад, дар рўзи дуввуми хукбонияш аз ҷониби мардуми деҳа лақаби «Беки Хугбон» ва аз ҷониби хурдсолон «акаи Хугбон» – ро касб кард.

пешина
аз 276
навбатӣ