АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Масалан, аз таҷрибаҳои гузаронидаи Каримов Б. бармеояд, ки миқдори ширинчаҳо дар шароити ноҳияи Ҷиргатол (минтақаи Лахш) дар муддати нашъу намои картошка миқдори ширинчаҳо дар моеъи «ҳашаротқапак» агар ҳамагӣ 530 дона бошад, пас ин рақам дар шароити водии Ҳисор зиёда аз 30 ҳазор донаро ташкил дод. Яъне дар шароити водӣ миқдори ширинчаҳо қариб 55-60 маротиба зиёданд нисбати шароити кўҳистон.
Аз ин ҷост, ки солҳои дуру дароз дар як қатор ноҳияҳои кўҳии ҷумҳурӣ ба монанди Кўҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Исфара, Ғончӣ, Рашт, Тавилдара, Мўъминобод, Ховалиг, Балҷувон ва Вилояти Худмухтори Кўҳистони Бадахшон як қатор навъҳои картошка беивазкунии тухмӣ, мўҳлатҳои тўлонӣ сифатҳои хоси биологӣ, морфологӣ ва навъияшонро гум накарда, ҳосили дилхоҳро мерасонанд. Ба чунин навъҳо пеш аз ҳама навъҳои Ранная роза, Сентифолия, Берлихинген, Лорх ва дигарон мисол шуда метавонанд. Махсусан, навъи Ранная роза аз солҳои 50-ўми асри гузашта боз дар шароити ноҳияҳои кўҳистони Ҷиргатол, Ғончӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ парвариш ёфта, ҳосили хуб медиҳад. Навъҳои Лорх ва Кардинал, ки дар муддати тулонӣ аз тарафи олимони ИИИ «Боғпарвар» ва деҳқонон дар шароити ноҳияҳои Ҷиргатол ва Ғончӣ парвариш ва афзоиш дода шудаанд, нишонаҳо ва хусусиятҳои тухмипарвариашонро нест накарда, ҳар сол ҳосили баланд додаанд.
Ба ҳамин тариқ бояд қайд намуд, ки иқлими ноҳияҳои кўҳистон (дар баландии зиёда аз 1800 м аз сатҳи баҳр) барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳу хушсифати тухмии картошка хело мувофиқанд ва дар оянда ин ноҳияҳо бояд маинтақаҳои тухмипарварии картошка гардонида шаванд.
Вале, солҳои дарози арзи вуҷуд доштани системаи сосиалистӣ ҳукумати ҷумҳурӣ ва мутахассисони хоҷагиҳои кишоварзӣ дар маҳал барои ташкил ва ба роҳ мондани тухмипарварии ҷойдорӣ кам аҳамият дода, фақат ба харида ворид сохтани тухмии картошкаро аз дигар ҷумҳурияҳои собиқ Шўравӣ талош меварзиданд. Аз ин ру ҳар сол ба мамлакат зиёда аз 20 ҳазор тона картошкаи тухмӣ харида оварда мешуд.
Тухмие, ки аз тирамоҳ оварда мешуд,аз сабаби аз роҳи дур оварданаш дар анборхонаҳо дар вақти нигоҳдорӣ то 30 фоизаш пўсида нобуд мегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё