Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Барои картошкаи тухмӣ дар минтақаи кўҳӣ киштгардони шашқитъагии картошка – зироати чорво тавсия карда мешавад, қитъаи 1-3 алафҳои бисёрсола бо (омехтаи тухми экспарсет – 40-50 кг ё бо юнучқа – 8 кг); 4 - картошка; 5 - зироати хўроки чорво (омехтаи лубиёгиҳои хўшадор); 6 – картошкаро тавсия намудан мумкин аст.
Тайёр кардани қитъаи замин. Тайёр намудани хок аз гузаронидани шудгори тирамоҳӣ ва коркарди хок пеш аз кишт иборат аст. Барои ин гузаронидани шудгор дар чуқури 28-30 см бо плуги пешплугдор қуллай аст.
Шудгори пеш аз киштро моҳҳои апрел-май, ҳангоми расидани хок (намнокии 60-80 фоизаи он) мегузаронанд. Шудгор дар чуқурии 18-20 см гузаронида шуда, корҳои заминнармкунӣ (чизелевание) ва молакуниро дар бар мегирад.
Нуриандозӣ. Барои бо моддаҳои ғизоӣ хубтар таъмин намудани кишти картошкаи тухмӣ нуриҳои органикию маъданӣ заруранд.
Ҳангоми ба хок якҷоя рехтани нуриҳои органикию маъданӣ барои тамоми давраи нашъунамои растаниҳо таносуби дурусти элементҳои ғизоӣ таъмин мегардад. Ниҳолҳои картошка ҳангоми ҳосилнокии 100 с/га аз хок 40-45 кг нитроген, 20-25 кг фосфор ва 60-80 кг калийро мегиранд. Коэффитсиенти истифодаи нуриҳои нитрогендор ва калийдор 80 фоиз ва фосфордор 25фоизро ташкил медиҳад. Зимни дар хок мавҷуд будани дараҷаи миёнаи элементҳои ғизоӣ ва ба нақша гирифтани ҳосилнокии 250 с/га картошка бо баромади баланди лўндаҳои тухмӣ ба замин рехтани миқдори зайли нуриҳои маъданӣ зарур аст, N – 60-90 кг, P2O5 – 90-130 ва К2О – 120-180 кг/га м.т. (ба миқдори моддаҳои таъсиркунанда). Аз нуриҳои калийдор барои картошкаи тухмӣ нитрати калий (KNO3) ва сулфати калий (K2SO4) беҳтаранд. Ба қитъаи замини тухмӣ то 40-50 т/га нурии органикӣ рехтан судманд аст. 70 фоизи нуриҳои фосфорию калийдорро пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба замин мепошанд ё ҳангоми кишт ба қаторҳо мерезанд; дар вақти кишт инчунин андохтани 50 фоизи нуриҳои нитрогенӣ тавсия карда мешавад.
Қисми боқимондаи нуриҳоро дар вақти ғизои иловагӣ, баъди баромадани ниҳолҳо дар қаторҳо мерезанд.

пешина
аз 99
навбатӣ