АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Навъи «Зарина». Ин навъи картошкаро олимони Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (собиқ Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Боғпарвар») бо усули интихоби клонӣ аз байни растаниҳои навъи Мона Лиза, ки аз тухмҳои ботаникии ин навъ сабзонида шуда буданд, дар соли 1985 ҷудо карда шудааст (муаллифон:Партоев Қ., Каримов Б. ва Назаров М.). Ин аввалин навъи ба даст овардаи олимони Тоҷикистон дар тўли таърихи картошкапарварии кишвар ба шумор рафта, дар соли (шаҳодатномаи № 40 аз 16 марти соли 2007) дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шудааст.
Навъи миёнаи дерпаз буда, давомнокии вегетатсиааш то 120- 125 рўз двом мекунад.
Пояаш баланд, сербарг буда, рангибаргаш сабзи равшан аст. Гулаш бунафши сурхи сафедтоб аст. Дар шароитҳои кўҳию доманакўҳӣ ғўраи бисёр баста, ҳаҷми ғўраҳо нисбатан калон мебошад. Лўндаҳояш сафеди дарозшакли серчашмак, мағзи сафед доранд. Чашмакҳои лўндаҳо рўяк ҷойгиранд. Лаззати лўндаҳо аз қаноатбахш то миёна мебошад. Дар таркиби лўндаҳояш то 22 фоиз крахмал ҳаст, ки ин нисбат ба дигар навъҳои киштшаванда қариб 2-3 фоиз зиёд мебошад. Ҳосилнокии навъ ба 300-400с/га мерасад. Дар як ниҳол то 8-10 дона лўнда пайдо мегардад.
Нигоҳдории лўндаҳо хуб аст. Ба як қатор касалиҳои вирусию занбурўғӣ тобоварии саҳроӣ зоҳир менамояд. Вале зимни кишти тоқа(70х23-25 см) қисми лўндаҳои калонаш дучори тарқиши тарафи пеш мегарданд, ки ин сифати молии онҳоро хеле коҳиш медиҳад. Ин ҳодиса зимни дертар чида шудани ҳосил бештар мушоҳида мегардад. Аз ин рў кишти зичтари ин навъ (аз рўи нақшаи 70х16-18 см) ва пештар (дар давраи зардшавии пояи растаниҳо) ҷамъоварӣ кардани ҳосили онро тавсия карда мешавад. Пояи ниҳолҳо ғафс буда, 90- 110 см дарозӣ доранд. Дар қисми поёнии пояҳо ва дар бағали баргҳо ранги ҷигарӣ мушоҳида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё