Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Коркарди сеюми байни қаторҳоро дар давраи саросар шонабандии ниҳолҳо (яъне пеш аз бо ҳам расидани баргу пояи ниҳолҳо дар байни қаторҳо) гузаронида мешавад. Дар ин коркард низ органҳои нармкунандаи байни қаторҳо (дастакҳои стрелкагӣ ва сиха) истифода гашта, бо ёрии нуриандозакҳо нуриҳо андохта мешаванд. Органҳои нармкунанда дар чуқурии 14-16 см бояд байни қаторҳоро нарм намоянд. Дар вақти гузаронидани ин коркарди охирони байни қаторҳо инчунин хоккашакҳо (окучники) низ пайваст карда шуда, якбора қаторҳо хоккаш карда мешаванд ва картошказорро барои гузаронидани обдиҳӣ омада месозанд. Ба ҳамин тариқ коркарди сеюми байни қаторҳо якҷоя бо ғизодиҳии дуюми картошказор ва хоккаш намудани қаторҳо анҷом меёбад.
Дар он ҷое, ки ҳамаи ин чорабиниҳо бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ё ин ки дастӣ иҷро мегарданд, вақти гузаронидани ин чорабиниҳо бе тағйир мемонад.
Ғизодиҳӣ. Картошка дар ноҳияҳои кўҳӣ, ки асосан дар хокҳои камғизои кўҳсор парвариш меёбад ба меъёри нуриандозӣ мўҳтоҷи калон дошта, сифати молии лўндаҳои ҳосил низ аз ғизодиҳии ниҳолҳо вобастагии калон дорад. Бинобар ҳамин дар баҳор пеш аз шудгор ба 1 га замин 30-40 тона порў ва 70 фоизи нуриҳои маъданӣ (ба монанди суперфосфат ва хлориди калий) андохта гардад, боиси ба даст даровардани ҳосили дилхоҳи картошка мегардад.
Вале нуриҳои нитрогендорро (ба монанди аммофос, нитроамофос, селитраи аммиакӣ) бояд дар вақти гузаронидани кишти лўндаҳо ва дар вақти ғизодиҳии якум ва дуюм (карбамид) ба картошказор дода шаванд.
Ҳангоми гузаронидани кишт 50 фоизи зарурии нуриҳои нитрогендорро бо 30 фоизи нуриҳои фосфорӣ ва калийдор омехта карда ба замин андохтан лозим аст. Қисми боқимондаи нуриҳои маъданиро, яъне 25 фоизи зарурии нуриҳои нитрогениро ғизодиҳии якуми картошказор ва 25 фоизи боқимондаи нуриҳои нитрогениро дар ғизодиҳии дуюми картошказор андохтан лозим аст.
Дар вақти дар хок мавҷуд будани миқдори миёнаи моддаҳои ғизоӣ (гумус, фосфору калий) дар ноҳияҳои кўҳсор, агар мо хоҳем, ки ҳосилнокии картошкаро ба 250-300 сентнерӣ расонем, бояд дар 1 га картошказор 150-180 кг нуриҳои нитрогендор, 150-180 кг нуриҳои фосфорӣ ва 180-240 кг нуриҳои калийдор (ба намуди моддаҳои таъсиркунандаи ин нуриҳо) андохта шаванд.

пешина
аз 99
навбатӣ