АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Боби 1. АГРОБИОЛОГИЯИ КАРТОШКА
Картошка ба ҷинси Solanum L., оилаи авранҷгулон, сексияи Tuberarium, яъне зироати лўндаовар ба шумор меравад.
Ареали сексияи Tuberarium аз мамлакатҳои Чилию Аргентина (500 арзи ҷанубӣ) сар шуда, Америкаи Ҷанубӣ ва Марказиро то ноҳияҳои ҷанубии Иолоти Муттаҳидаи Америка дар бар мегирад (Перлова, 1958; Букасов и др., 1972; Вавилов, 1987; Горбатенко, 2006; Киру, 2007).
Аз 200 намудҳои худрўи картошка, ки ҳоло маълуманд, қисми бештарашон дар Америкаи Ҷанубӣ дучор меоянд (Будин, 1971; Горбатенко, 2006).
Мутобиқи маълумотҳои В.С.Лехнович (1956), тахминан дар миёнаи асри XVI ба Европа ду намуди картошка - чилигии Solanum tuberosum ва андигии Solanum andigenum оварда шудаанд.
Корҳои селексионии дар тўли садсолаҳо бо ин ду намуд гузаронида шуда, боиси пайдоиши навъҳои ҳозиразамони европоии ин зироат гаштаанд. Вале ба ақидаи бештари тадқиқотчиён сарнасли картошкаи Европоӣ- асосан Solanum tuberosum мебошад(Вавилов, 1987; .
Дар айни замон оилаи Solanum tuberosum ҳазорҳо навъҳои мухталифро дар бар мегирад, ки онҳо аз ҳамдигар на танҳо аз ҷиҳати таснифотӣ (систематикӣ) ва морфологӣ, инчунин бо хусусиятҳои таъинотиашон низ фарқ мекунанд.
Лўндаҳои навъҳои картошкаро ба маводи истеъмолӣ, техникӣ, хўроки чорво, универсалӣ ва нимфабрикатӣ ҷудо мекунанд. Дар кишвари Тоҷикистон картошкаро асосан ба мақсадҳои хўрокӣ парвариш менамоянд ва таърихи кишту кор намудани он тақрибан беш аз сад солро дар бар мегирад.
Намудҳои худруйи картошкаи Чили (S.tuberosum) муддати тўлонӣ дар шароитҳои намнокии баланду боришоти зиёд (то 2400 мм) ва иқлими салқину хокҳои нарм, ташаккул ёфтаанд.
Бинобар ин, зироати картошка дар давраи сабзишаш ба намнокии мўътадили хоку ҳаво ва иқлими салқин бештар зарурият дорад (Горбатенко, 2006).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё