АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

4.3.Агротехникаи картошкаи барвақтӣ
Тоҷикистон барои зиёд намудани истеҳсоли картошкаи барвақтӣ, махсусан дар водиҳои Вахшу Кўлоб, Ҳисор ва як қисми ноҳияҳои вилояти Сўғд шароитоҳои хуби агроэкологиро соҳиб мебошад. Вале ягона масъалае, ки садди роҳи афзун намудани истеҳсоли картошкаи барвақтӣ гаштааст ин ба миқдори зарурӣ набудани тухмии хушсифати навъҳои тезпаз ба шумор меравад.
Навъҳо ва мўҳлати кишти картошкаи барвақтӣ. Барои ба даст овардани ҳосили баланди картошкаи барвақтӣ истифодабарии тухмии навъҳои тезпаз роли калонро мебозанд.
Дар шароити Тоҷикистон интихобу кишт намудани чунин навъҳои серҳосили картошка ба монанди Невский, Жуковский ранний, Полет, Жуковский, Пикассо, Монолиза, Зарафшон ва ғайраҳо мувофиқи мақсад мебошад. Мўҳлати парвариши ин навъҳо аз давраи нешзада баромадани ниҳолҳо то пурра пўхта расидани ҳосил 60-80 рўзро ташкил медиҳад, ки ин ба моҳҳои май ва июн рост меояд. Ба ҳамин тариқ картошкаи барвақтӣ дар роҳи самаранок (интенсивӣ) истифода бурдани замин, ба даст овардани ҳосили барвақтии озўқавӣ ва барои киштгардони зироатҳо дар ҷумҳури роли калонро мебозад.
Мўлати хуби кишти тухмии ин навъҳо асосан дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳури моҳҳои ноябру декабр (дар водиҳои Кўлобу Вахш) ё ин ки моҳи февралу даҳрўзаи аввали моҳи март (дар водии Ҳисор ва як қисми ноҳияҳои вилояти Сўғд) ба шумор меравад.
Киштгардон. Структураи хок ва зироати пешкиштгашта дар ба даст овардани ҳосили баланди картошкаи барвақтӣ роли асосиро мебозанд. Дар ин ҷода зироатҳои пешкиштгашта ба монанди ғалладонагиҳо, юнучқаи кўҳна, лўбиёгиҳо ва полезиҳо метавонанд барои баланд гаштани ҳосили картошкаи барвақтиӣ кўмак расонанд. Дар шароити ноҳияҳои картошакаи барвақтиро кишт кунанда метавон чунин схемаи киштгардони зироатҳоро тавсия намуд, ки майдони умумии зироатҳои киштшаванда аз шаш қитъа иборат бошанд, қитъаҳои якум ва дуюм – юнучқа, қитъаи сеюм – картошкаи барвақтӣ + кишти тобистонаи сабзӣ, карам, бодиринг, мош, лубиё ва ғайра, қитъаи чорум-помидор, қитъаи панҷум-картошкаи барвақтӣ кишт тобистонаи сабзӣ (барои дар оянда ба даст овардани тухмӣ), қитъаи шашум – картошкаи барвақтӣ + кишти тобистонаи ҷувориммака барои дон ё ин ки силос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё