Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Тайи бисту чор соат ў дар роҳу дар маҷлис буд ва ба ҳамаи ин мондагиҳо нигоҳ накарда, бояд аз натиҷаи бозёфтҳои ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бохабар мешуд. Мехост фаҳмад, ки оё уқоби навбол чӣ тавр ба парвоз омода шудааст, аз парвози ў сардори ШКД умеди калон дошт. “Маҳз ҳамин парвоз манбаи ҳама парвозҳои ояндаи ў хоҳад шуд,” - аз дил гузаронд Ҳамид Ҷовид…
Болои курсии мулоим низ ў аз банди фикру андешаҳо озод нашуд. Маннони Ҳусейн то тавонист ўро дар назди муовини вазир неш зад, Ҳамид Ҷовид ба хулосае омад, ки сардори раёсат ба ҷуз тамаъҷўй буданаш диле чун макони бухсу кина ва мисли ангиштсанг сиёҳ доштааст.
– Бубинед, рафиқ генерал, дар ШКД – и ноҳияи Гулобод ҳамагӣ як ҷиноятро қудрати кушодан надоранд. Вақти он расидааст, ки ягон нафари дигарро ба ҷойи подполковник Ҳамид Ҷовид таъин намоем. Як ҷиноят дар минтақаи хизматӣ ба қайд гирифтанду он ҳам накушода. Як ҷиноят. Фоизи кушодашавӣ ҷиноятҳои ноаён, хусусан ҷиноятҳои вазнин, дар вилоят маҳз аз ҳисоби ШКД - и ноҳияи Гулобод паст шудааст.
– Ин гапҳоро монед, рафиқ полковник. Ҳоло ҷойи баҳси мову ман нест ва чун сардори раёсат шумо низ дар ин кор гунаҳкоред. Одамкушӣ ин ҷинояти одӣ нест ва онҳое, ки ба чунин кор даст мезананд, тайёрии пухта мебинанд. Чаро шумо худатон ба ноҳияи Гулобод рафта, корҳои ҷустуҷўиро ба зери назорат нагирифтед? Чанд рўз шуд, ки ҷиноят содир шудааст? -Ҳафт рўз, ҳамин хел не? Генерал, худаш ба саволи хеш ҷавоб дода гуфт, ки ҳоло корҳои ҷустуҷўӣ дар кадом сатҳанд, мо намедонем, - ба ёд овард Ҳамид Ҷовид баҳси сардори раёсати вилоятӣ полковники милиса Маннони Ҳусейн ва муовини вазири корҳои дохилиро, ки дар атрофи номи ў субҳи имрўз дар маҷлис сар зада буд.
Маҳз ҳамин ҳолат ўро водор месохт, ки пеш аз ба хона рафтан бо капитани милитса Сорбони Ҳомид, ки ўро ҳамчун мутахассиси хуби соҳа мешиносад ва шогирди ў лейтенанти милитса Гурезов, ки бо дастури Сорбони Ҳомид ва муфаттиши прокуратура Самадов ба шаҳр рафта буд, вохўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё