Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Баҳс намекунам.
– Шогирд аз шаҳр хабарҳое овардааст, ки дар доираи протоколи расмӣ берун монда, вале ман боварӣ дорам, ки онҳо таваҷҷуҳи шуморо бедор хоҳанд кард…
– Хуш шунавем.
Гурезов дилу бедилон, ҳар он чи ки соате пештар бо Сорбони Ҳомид дар утоқи кориаш гуфта буд, такрор кард.
– Фикри шумо, рафиқ капитан?
– Чун дар милиса мо сари ин масъала андеша намудему ба хулосае омада натавонистем, ба ин ҷо омадем.
– Ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд.
– Моро аслан тақдири Сабоҳати Маҳмад ба ташвиш овардааст ва маҳз ҳамин ҳолатро мехоҳем шумо ба инобат гиред.
– Ба гумон аст, ки духтарак ба коре даст занад.
– Далел?
– Барои зани шарқ шарму ҳаёро пеши по задан осон нест.
Модоме ки духтари ҳанўз ба ҳабдаҳ надаромада, ба хонаи Ҷалил Барот рафтаасту худашро ҳамчун келин муаррифӣ кардааст, пас дар миёна гапе ҳаст.
–Чӣ хел гап?
– Агар духтар дар қайди никоҳи Солеҳ Ҷалил намешуд, баъди шунидани ҳодисаи марг ҳеҷ гоҳ худро ошкор намекард.
Модоме ки ў ба назди мўйсафед рафтааст, ҳатто дар батнаш доштани кўдакро инкор накардааст, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои чунин қадаммонӣ асос доштааст. Ин асос чӣ ҳаст, ба фикрам, чун ҳар як фарди мусулмон худатон мефаҳмед.
– Шуморо ҳамин хел фаҳмидан мумкин, ки Сабоҳати Маҳмад дар қайди никоҳи Солеҳ будааст. Дар қайди никоҳ аз рўи шариати ислом.
– Бале, барои зани мусулмон мартабаи ин никоҳ аз он никоҳе, ки дар идораи ақди никоҳ гузошта мешавад камтар нест. Чун рўзу соаташ меомад, Солеҳ Ҷалил духтарро шояд ба идораи ақди никоҳ ҳам мебурд, вале дар ҳолате, ки ҳанўз аз ҳамсари қонуниаш ҷудо нашуда будаасту Сабоҳат синну солаш ба никоҳи қонунӣ нарасида, онҳо тақдири хешро аз рўи шариати ислом пайвастаанд. Маҳз ҳамин ҳолат моро тақозо мекунад, ки дар рафти тафтишот Сабоҳатро ҳамчун ҷабрдида эътироф намоем.

пешина
аз 513
навбатӣ