Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– То андозае ҳақ ба ҷониби мўйсафед аст, - баъди хомўшии тӯлонӣ лаб ба сухан кушод Сорбони Ҳомид.
– Чӣ хел?
– Мўйсафед дар дигар давру замона солҳои ҷавонии хеш паси сар кардааст. Чун ҳар як фарди тақводор ў фаҳмидан ҳам намехоҳад, ки маҳз замона тафовутро байни Шарқу Ғарб аз байн бурдааст. Аз он чӣ ки духтари шонздаҳсола бо марди чилсола издивоҷ намудааст, ин экспансияи1 Ғарб ҳам нест.
–Чӣ хел экспансияи Ғарб нест? О, намоиши филмҳои фаҳш, нишон додани духтарони урёну нимбараҳна магар экспансия нестанд? – эътироз намуд Гурезов.
– Таърих худ гувоҳ аст, ки то замони инқилоби Октябр духтарони мусулмонро аз нуҳ - даҳсолагиашон ба шавҳар медоданд. Онҳо дар дувоздаҳ - сенздаҳсолагиашон соҳиби фарзанд мешуданд. Чаро мо гузаштаи хешро аз мадди назар дур намоем, агар мўйсафеди Ҷалил Барот, ҳарчанд худ чунин ҳодисаҳоро аз сар нагузаронида бошад ҳам, бояд дар ин бора аз забони гузаштагонаш шунида бошад. Агар мо таърихи гузаштаи хеш надонем, пас чӣ тавр имрўзу фардоро қиёс мекунем?
Нисбат ба филмҳои Ғарбу намоиши духтарони урёну нимбараҳна ҳаминро гуфтаниам, ки ба савол ҷавобе хуштар аз посухи Луқмони Ҳаким нест.
– Хайр шунавем чӣ?
“-Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:
– Адабро аз кӣ омўхтӣ?
– Аз беадабон.
– Чӣ тавр?” Луқмони Ҳаким посух додааст, ки ҳар чӣ эшон карданду, писанди банда нагашт, аз он парҳез кардам.
Бинед дар замоне, ки тараққиёти илму техника то ба кайҳон расидааст, то кунун бархе аз ҷавонони мо некро аз бад, сафедро аз сиёҳ фарқ намекунанд. Магар Ғарб урфу одатҳои

1 Экспансия – ғосибӣ.

пешина
аз 513
навбатӣ