Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Эй бародар, ба ҷойи он ки ман гап занам, шумо ҷилави суханро ба даст гирифтаед, - гуфт нафаре, ки аввалин шуда ба сари довар теғу табар кашида буд.
– Истед, шумо кӣ? Мо шуморо намешиносем. Ба фикрам, дафъаи гузашта, шумо ҳамроҳи мо набудед. Ҳамин хел не? – ба тарафи қавми бе сарвар (дирўз баъди шунидани хабар қавм нисбат ба сарвари хеш, ки дар маслиҳатхонаи ҳуқуқи адои вазифа менамуд, импичмант эълон намуданд) нигариста пурсид он марди айнакдори ба шўромада.
– Мо ҳам ўро бори аввал мебинем, - ба ҷуз собиқ сарвари қавм бо як овоз гуфтанд ҳама.
– Шумо - ку мумкин, вале ман бо собиқ сарваратон шиносои дерина. Ҳа, ҳа, бовар намоед, мо чанд сол боз шинос. Ана, ҳамин адвокати гуфтагиатон замоне обро лой карду ман аз он моҳӣ доштам. Акнун ҳайрон бар онам, ки чӣ тавр ў дар озмун ҷойи сеюмро ишғол карду маро пушти дар монд?...
– Ҳоло ҳамин хел гўед? – гуфт дод кадоме аз байни қавм.
– Ҳа, ҳамин хел. Ман то кунун ҳама гапро нагуфтам, шояд рухсат диҳед гап занам.
– Валяй, – гуфт кадоме. Маълум буд, ки ў русзабон буд.
– Шумо ҷанобон рост гуфтед, ки маро намешиносед.
Аслан шумо маро мешиносед ё не, он қадар аҳамият ҳам надорад. Муҳимаш он, ки маро, ана ҳамин довари озмун, ки имрўз боиси бадбахтии ҳамаи мо гаштааст, мешиносад. Агар бовар накунед, аз худаш пурсед.
– Ин кас рост мегўянд, ҷаноб? - ба тарафи довар нигариста пурсиданд довталабон.
– Рост. Он чӣ ки банда аз наздик ба ин вориси Гиппократ шиносам, баҳс намекунам.
– Пас чаро шиносоии хешро бо ў инкор кардед? Агар мо мефаҳмидем, нисбат ба шумо нобоварӣ изҳор мекардем.
– Ташаббускори шиносоии мо худи ҳамин кас шуданд, – вориси Гипократро нишон дода гуфт довар.
– Гап занед,чӣ тавр шумо шинос шудед? – қатъӣ талаб намуданд мардуми ба шўромада.
– Беҳтар мешуд, ки шарҳи ин ҳолро худи вориси Гиппократ мегуфтанд.
Вориси Гиппократ гап заду гап. Ҳамагон гўшу ҳуш ба тарафи ў шуданд. Чун ў суханашро тамом кард, довталабон қариб ўро ба зери мушту лағад гирифта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор