Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар ин бора ман ба ў дар ёдномааш навишта будам.
– Ин хел ки бошад нураналонур шуд. Ў хабар дод, ки ҳамаи супоришҳоро иҷро кардааст.
– Бисёр хуб. Шояд акнун бандаро барои рафтан рухсат медодед?
– Ин фикрро аз саратон дур кунед. Наход шумо дар чунин як вазъияти мушкил моро партофта равед. Аз шумо пинҳон намекунам, вале сардори ҳозираи раёсати вилоятӣ расми маро дар девор мебинад ва шумо бояд инро фаҳмед.
– Чӣ, магар байни шумо ва сардори раёсати вилоятӣ ягон гурбаи сиёҳ гузаштагӣ.
– Гурба - ку гузаштагӣ нест, вале ҳастанд ҳолатҳое, ки…
– Мефаҳмам.
Ҳамид Ҷовид аз он хурсанд шуд, ки капитани милиса таги гапро ҷустуҷў накард. Аслан чияш нофаҳмост? Барои фаҳмидан муносибати сардору зердаст Афлотун ҳам будан лозим нест. Бубин, ҳоло ҳама дасту остин барзада, дар бораи коррупсия гап мезаданд, вале…
Воизон ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Умуман, ду - се рўз пеш худи Сорбони Ҳомид фикру ақидаи хешро дар ин бора баён карда буд ва ба гумон буд ёфтани сухане аз суханҳои гуфташуда беҳтар…
Ҳамид Ҷовид ҳафтаномаи сканвордҳоро пеши Сорбони Ҳомид гузошта, фикри ўро дар бораи он китоби 24 миллион доллара донистан хост.
– Ин китоб «Кодекси лестарӣ» – и Леонардо де Винчӣ таълимот оид ба об, замин ва коинот мебошад, ки Билл Гейтс онро харидороӣ намудааст.
Ҳарчанд «Кодекси листерӣ» чаҳордаҳ хоначаи сканвордро пур намуд, вале Ҳамид Ҷовид ба дурустии суханони капитани милиса шубҳа кард. Танҳо баъди як ҳафта ў дар шумораи навбатии ҳафтаномаи сканворд, ки ҷавоби сканворди ҳафтаи пешинро пурра чоп карда буд, ба ҷавоби Сорбони Ҳомид бовар кард. Ў фаҳмид, ки Сорбони Ҳомид ба ҷуз дониши хуби ҳуқуқӣ боз аз тамоми рўйдодҳои олам хеле бохабар будааст. Дар ҷавобнома омада буд, ки ташаббускори лоиҳаи биҳишти зериобӣ миллионери ҷопонӣ Тасаюки буда, Ҷенифер Лопес ҳаёти худро дар яке аз ширкатҳои суғуртаи шаҳри Ню - Йорк ба маблағи як миллиард евро суғурта намудааст…

пешина
аз 513
навбатӣ