Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Кадомашро?
– Афсонаи аспаки бӯрро.
– Дар ҳамин нисфи шаб.
– Ҳа.
– Буд набуд...
Ҳанўз афсона ба поён нарасида, ў хуроккашии пасти Хайёмро шунид.
Мавҷи хаёлоташ ба гузаштаи на чандон дур парвоз кард.
Он вақт ў дар синфи охирини мактаби миёна мехонд. Ба бачаи ҳамсоя Ризвон, ки нав аз аскарӣ омада буд, дил дод.
Рози дилашро ба дугонааш Ҳанифа кӯшод ва ду рўз пас аз Ризвон хатча гирифт, ки ўро соати дувоздаҳи шаб дар беруни ҳавлиашон интизор мешавад. Вай оҳиста аз хона берун шуд ва вақте ки бо Ризвон сари суҳбат буд, модараш баромад.
Модар қариб ўро бо гесувони худаш буғӣ карда буд. Моҳе пас падари Хайём ба хостгорӣ омад ва новобаста аз хоҳиши ў модар гапи хостгорҳоро нашикаст…
– Оча, дадаҷонам омаданд, - ба тарафи ошхона давида гуфт Мурод.
Модар чизе нагуфт. Албатта, хунаш ҷўш мезад. Мехост ҳамаи дарду алами хешро ба сари шавҳар резад, вале дар ҳузури Наргису Мурод чизе нагуфт. Ў ба чашмони ҷигарбандонаш, ки аз дидори падар дар курта намеғунҷиданд, нигариста, хурсанд шуд.
– Дадаҷонаш омад? - ниҳоят овоз рўшан карда пурсид Гулбарг.
– Ҳа, очаҷон, дадаҷонам омад, - боз бо ҳамон лаҳни ширини хеш гуфт Мурод.
– Шояд ў гурусна бошад? - Наргисро ҷеғ зан, дастурхон орояд!
– Хуб шудааст, очаҷон, - гўён Мурод аз ошхона бадар рафт. Лаҳзае пас Наргис омад ва бо амри модар ба назди падар дастурхон бурд. Сипас, аз чойники қирмизӣ чой рехта, ба дасти падар дод. Мурод, ки дар паҳлуи падар буд, аз ҷой бархеста, ба ошхона рафт ва дасти модар гирифту ба сари дастурхон овард.
– Омадед, мардак? - пурсид Гулбарг.
– Ҳа.
– Якбора?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор