Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Худоё, акнун чӣ мешуда бошад?” - аз дил гузаронд ў. Ба торикии шаб нигоҳ накарда, боз ҳамон саҳнаи лаҳзаҳои охири ҳаёти Раъноро, ки ўро “апаи қиёматӣ” мегуфт, пеши назар овард.
– Хайрият омадӣ, - Назирро ба хона таклиф намуда гуфт ў ва хост дарро маҳкам кунад.
– Вай канӣ? - дарро кушода аз қафои Назир вориди хонаи “апаи қиёматиаш” шуд Раъно.
– Кӣ? - худро ба нодонӣ зада гуфт Обида.
– Гўё намедонӣ? - дар ғазаб шуда гуфт Раъно.
– Ҳа, Назирро мегўӣ? - Он кас дар хона ман, то кунун имконияти бо вай гапзанон кардан наёфтам.
– Ман худам бо ў гапзанон мекунам, - гўён Раъно ба меҳмонхона даромад.
Обида дарро маҳкам карда, аз қафои Раъно вориди меҳмонхона шуд.
– Ин чӣ? - ҳамон ду панҷоҳсомонаро дар дасташ алвонҷ дода пурсид Раъно.
– Аз куҷо донам? Ба фикрам, сомонианд, - гуфт Назир.
– Инашро ман медонам, ки сомонианд, аммо ба ман бигўй, ки инҳо чӣ хел ба дасти худат афтиданд?
– Аз куҷо донам? Шояд аз мағоза ё бозор онҳоро ба ман додаанд.
– Аз мағоза ё бозор сӯми рахаш ношикастаро, ҳа? - бо заҳрханда гуфт Раъно.
– Ба фикрам, ҳамин хел аст.
– Дар милиса ҳамаашро ба ёд меорӣ? - гуфт Раъно ва хост пас гардад.
Назир акнун дарк намуд, ки ўро чӣ хатаре таҳдид мекунад ва чун паланг аз ҷой ҷаҳида Раъноро маҳкам дошт.
Раъно дод гуфт. Обида бо дастпоккунаке даҳони “хоҳари қиёмати” - ашро маҳкам кард. Чӣ афту дарафте шуд, вале дигар роҳи қафо гаштан набуд. Ҳангоми афту дарафт дасти Назир ба курсие бархўрда хуншор шуд, вале ўро парвои ин набуд.
Ниҳоят Обида чизеро ба ёд оварда, ба тарафи ошхона давид ва шишачаеро бо худ овард. Шояд Раъно хатои хешро фаҳмид, лекин аллакай дер шуда буд ва аз лонаи модагург дигар баромаданаш ба гумон буд. Вай хеле дер фаҳмид, ки зиндагӣ чӣ қимате доштааст. Назир шаби гузашта он лаҳзаро ба ёд оварда гуфт, ки Обида аз ғазаб палангро мемонд ва Раъно рўбоҳро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор