Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ту гуфтӣ, ки ҳамон ду панҷоҳ сомониро аз ман гирифтӣ?
– Чӣ фарқ дорад, ки гуфтам ё не?
– Маълум, ки гуфтаӣ.
– Ҳа, ҳа, ҳа.
– Кончай истерику!
– Назирҷони ширин ягон ҷора андешидан лозим.
– Чӣ хел чора, ту чиҳо гуфта истодаӣ? Ҳамаро худат зада расво кардию боз чора мегўӣ?
– Моро дигар роҳ нест, ё мо ўро аз қафои шавҳараш равон мекунем, ё фардо субҳ ў моро ба прокуратура мебарад.
– Тарзе гап мезанӣ, ки гўё аз байн бурдани одам кори осон бошад.
– Гуфтам - ку, моро роҳи дигаре нест, агар хоҳем, ки сар амон бошад, бояд…
– Ба фикри худат онро чӣ тавр амалӣ намоем?
Ва Обида гап заду гап. Агар Назир аз гузаштаи ў хабардор намебуд гумон мекард, ки солиёни дарозе дар гурўҳи «Алфа» ё «Вимпель» хизмат намудааст.
– Намедонам, ин роҳи гуфтагии худат моро то куҷо мебарад?
– Тайи ин чанд рўз ман ҳамаи тарафҳои корро санҷида баромадам. Агар корҳо хуб анҷом ёбанд, касе аз мо домангир намешавад. Ба бахти мо, ки Раънои Носир дар ин дунё касе надорад. Милиса ҳам аз пайи онҳое мегардад, ки хешу табор доранд.
– Боз нашаваду…
– Таваккал нар бувад, андеша модда.
– Бовар намо, чӣ гуфтанамро намедонам.
– Раънои Носир бошад, ҳамаашро медонад.
-Ҳама расво шуд - ку?
-Моро ба ҷуз аз ин ботлоқ баромадан чорае нест.
-Чӣ илоҷ модоме, ки роҳи дигар набошад.
– Баробари торик шудан ба хона биё, - гўён Обида ба тарафи дигари роҳ гузашт. Назир ўро бо нигоҳи сард гусел кард.
Кори хона ба бозор рост намеояд, гуфтаги барин ҳамааш баръакс шуд. Баробари ба хонаи Обида даромадани Назир Раънои Носир ҳам, ки шояд роҳи ўро мепоист, аз қафояш вориди хонаи Обида гашту шӯру мағал бардошт. Ў ҳатто касеро гўш кардан намехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор