Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо мефаҳмиданд, ки яку якбора ақидаи хешро дигар кардан осон нест. Аз он ки эшон сари андешаҳои хеш дар набард буд, ҷойи баҳс ҳам набуд. Ниҳоят ў сар бардошта гуфт:
– Як гап пурсам мумкин - мӣ?
– Марҳамат.
– Шумо гумон доред, ки аз пинҳон кардани ҷиноят манфиат ҷустам?
– Мо ин хел нагуфтем.
– Шояд ман шуморо ҳамин хел бо рафти воқеаҳо огоҳ намоям, яъне бе диктафон.
– Ба шарте ки ҳақиқатро гўед, - мусоҳибашро муфаттиш.
– Ман ваъда медиҳам.
Муфаттиш ин дафъа худ аз ҷой бархоста, диктафонро болои ҷевон гузошту омада, дар рў ба рўйи мусоҳибаш нишаста гуфт:
– Марҳамат, гап занед.
– Намедонам шумо ягон далел дар даст доред ё не, вале дигар инаш барои ман аҳамият надорад. Ҳар он чи ки ман дар нишондодҳои пештараам гуфтам, қисман дурустанд. То андозае ҳақ ба ҷониби шумост. Шояд агар банда суханони Раънои Носирро дар бораи дар рўйи дастонам ҷон додани мўйсафед Ёқуби Соиб рад мекардам, кор ранги дигар мегирифт. Ба фикрам, шумо ҳам дар вазъи ман мебудед, чунин рафтор мекардед.
Мардум беҳуда нагуфтаанд, ки битарс аз оне, ки ў натарсад аз Худо. Дар пиндори банда Раънои Носир дар ҳамон лаҳза маҳз ҳамин тавр намуд. Чун ман ба аёдати мўйсафед рафтам, ўро бо чашми сар надидам, чунки худи Раънохон ба ман доруи хоб дод ва вақте ки чашм кушодам, хонаро пури одам дидам. Аз ҷумла ҳамсари ман Шабнам Файзова ҳам он ҷо буд. Бояд гўям, ки Шабнам Раъноро чашми дидан надошт. Чун ман чашм кушодам, Раъно ба самъи ҳозирин расонд, ки мўйсафед дар рўйи дастони Собирҷон-ако ҷон дод. Ман ба ростӣ дасту по хўрдам, вале изои муъмин ҳаром гуфтаму хомўш шудам. Ба фикри Раъно зид баромадан ҳам ғайри имкон буд. Ман аз он тарсидам, ки модоме ў чунин як саҳнаи аҷибро офарид, аҷаб нест саҳнаи дигареро низ тартиб надода бошад.

пешина
аз 513
навбатӣ