Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Лаҳзае фазои дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятиро хомўши фаро гирифт.
“-Аҷиб, чаро ҳама муҳри хомўши ба лаб гирифтаанд? Ба инҳо чӣ бало расида бошад,” - аз дил гузаронд Собири Файз, вале чун дид, ки муфаттиш ва соҳиби дафтари корӣ байни андешаҳои хешанд, овоз рўшан карда пурсид, ки ўро ба кадом мақсад ҷеғ задаанд. Охир дирўз ҳамаашро дар прокуратура гуфта додам, ҳеҷ намефаҳмам, ки мақсади даъвати навбатӣ чист?
– Будем играть в кошки - мишки, - луқма партофт муфаттиши прокуратура.
– То есть как?
– Вот так.
– Собир Файзович, тайи ду ҳафта боз шумо тафтишотро бо нишондоди бардурўғи хеш ба гумроҳӣ бурдед. Бинобар ин шуморо ба ин ҷо даъват намудем, то ба мушу пишакбозӣ хотима гузорем, - риштаи суханро ба даст гирифта, бо як тамкинии ба худ хосе гуфт Абдумаҷидов.
– Шумо чиҳо гуфта истодаед? Наход ман...
– Телба нашавед, ҳозир ҳамаашро мефаҳмед, - гўён соҳиби дафтари корӣ аз ҷой бархеста, аз ҷевони паҳлуйи дар диктафони хурдакаки «Сони» - ро берун оварда, онро омодаи кор намуду пеши муфаттиш гузошт ва худ ба курсӣ нишаста гуфт:
-Собир Файзович, шумо бачаи хурд нестед, ки чӣ хеле гуфтем, мо бо ҳам мушу пишакбозӣ кунем. Нишондоде, ки то имрўз ба тафтишот додаед, қимати як дона ҷавро ҳам надорад. Рафту агар шумо дар вақташ гуноҳи Раънои Носирро дайн мекардед, бояд гўям, ки шумо дар ин бора далелҳои боэътимод ҳам доштед, шояд ў зинда мемонд. Маҳз бо дилсўзии шумо ҷавонзан аз адолати судӣ гурехт ва шумо сабабгори он шудед, ки дигарон қасди ҷони ў намоянд.
– Чӣ хел ман сабабгор шудам? – сухани Абдумаҷидовро бурида гуфт Собири Файз.
– Гўё худатон намефаҳмидед.
– Ҳозир ҳамаашро мефаҳмед, - гуфт муфаттиш. -Ман шуморо дар асоси моддаҳои 351-352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои надодан ё додани нишондоди бардурўғ огоҳ мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор