Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Як латифа ба ёдам омад, агар зид набошед, гўям, - гуфт муфаттиш.
– Бифармоянд, - ҷилави суханро ба даст гирифт муовини сардори ШКД.
– Ношиносеро сари дуздӣ дастгир намуда, назди қозӣ бурданд.
– Ой дузд, туро ном чист? пурсидаст қозӣ.
– Худо.
– Даматро гир нокас! - ба сари ў як мушт фароварда додзадаст, нўкаре, ки ўро оварда будааст.
– Хуш номат чист? - боз пурсидааст қозӣ.
– Худо.
Ҳанўз сухан аз даҳонаш набаромада, боз ба даҳонаш мушти обдоре хўрдаасту хомўш шудааст.
– Бори сеюм қозӣ номи ў пурсон шудааст.
– Агар интизори бердиаш нашавед, ман ном надорам, – гуфтааст дузд.
Шояд баъди ин латифаи маъмул Масрури Мўсо хатои хеш фаҳмид, ки то анҷоми суҳбати Абдумаҷидову Ҷўраев ба даҳон об гирифт.
– Ба ростӣ, чунинашро интизор набудам, - ҳаяҷони худро фурў нишонд Масрури Мўсо.
– Аз сабр кардан ғўра ҳалво мепазад, - нимҷиддию нимшўхӣ гуфт муфаттиши прокуратура.
– Хуш, чӣ бояд кард? Абдумаҷидов бар он ақида аст, ки пеш аз Обидаи Баҳром ва Назирро, ки то кунун насабаш ба мо маълум нест, ба ин ҷо даъват намудан, сараввал бояд як бори дигар бо собиқ корманди милиса Собири Файз вохўрем, - ҷилави суханро ба даст гирифта иброз намуд соҳиби дафтари корӣ.
– Зид нестам, – гуфт муфаттиш.
– Ман ҳам тарафдор, - гуфт Оташак.
– Чӣ илоҷ, худи ҳозир ўро ҷеғ мезанем, – гуфт сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ва рақами телефони маслиҳатхонаи ҳуқуқиро, ки Собири Файз кор мекард, дар диск чид.
– Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ.
– Бемалол бошед, агар Собири Файзро ба назди телефон даъват мекардед, - гуфт Абдумаҷидов, ки аллакай гўшакро ба даст гирифта буд.

пешина
аз 513
навбатӣ