Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худат ўро дидаӣ?
– Ҳа, дидам, ҳатто суҳбат намудам. Вай гуфт, ки хонда табиб шав.
– Набошад, фанҳои дақиқро бештар хондан лозим.
– Ман ба хотири Абдумаҷид ваъда медиҳам.
– Ба очаат гуфтӣ?
– Не, хостам аввал бо шумо маслиҳат намоям. Очаам ҳам розӣ мешавад. Медонед, ду - се шаб пеш очаам чӣ гуфт?
– Аз куҷо донам.
– Гуфт, ки агар мефаҳмидам, ки писарҷонам мубталои чунин беморӣ мешавад, ҳатман хонда духтур мешудам.
– Барои ҳамин худат духтур шуданӣ ҳастӣ?
– Ҳа, мехоҳам, ки хонда духтур шаваму ба беморон кумак намоям, то онҳо андаке ҳам бошад, дарди хешро фаромўш созанд.
– Иншооллоҳ, аз ту духтури хуб мебарояд.
– Аз куҷо медонед?
– Аз талошҳоят.
– Дада, ягон духтури зўрро мешиносӣ?
– Албатта.
– Кист вай?
– Иванов Роберт Иванович, он кас ҷарроҳ, ҳамсараш Люба - хола рентгенолог.
– Очаам ҳам онҳоро мешиносад?
– Не.
– Шумо, дадаҷон, он касро аз куҷо мешиносед?
– Зиндагӣ худ одамо рав, фардо барвақттар хестан лозим.
– Хоби хуш, дадаҷон.
– Хоби нағз бинӣ, бачаҷон, - гўён Абдумаҷидов чароғро хомўш кард.
Ўро то хеле вақт хоб набурд. Новобаста аз он ки ў ва Наталя Василевна дарди Абдумаҷидро аз фарзанди калонӣ пинҳон доштанд, вале Далер аз он рози ниҳон огоҳ шуд…
Ин бегоҳ дар шуъбаи қабули беморхонаи ҷумҳуриявӣ кори вай омад накард. Умуман, тайи даҳ рўзи охир беморе бо чунин ному насаб ба ин дармонгоҳ муроҷиат накарда будаст.
Дирўз баъди аз Маркази иттилоот баромадан ў ба суроғи духтур Қурбонов рафт.

пешина
аз 513
навбатӣ