Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аризадиҳанда сокини кўчаи Ситораи Сурх Ҷўраев Намоз, додарзодааш бошад, шиноси мову шумо.
– Кадом шиносамон?
– Ҳамоне, ки ҷустуҷўяш дорем.
– Ҷўраев Шодӣ Муддинович?
– Худи худаш.
– Пас ў ба куҷо рафтааст?
– Ана ҳамин тарафи масъала ба души мо афтидааст.
Марҳамат бо ариза ва нишондоди Намоз Ҷўраев шинос шавед. Эҳтимол ҳамин лаҳзаҳо ў расми додарзодаашро ҳам гирифта биёрад. Илтимос, дар ин бора ба ў сухане нагўед.
– Хуб шудааст, – гуфт Абдумаҷидов ва он санадҳоро мутоила намуда ба дасти Умаров дод.
– Фикри худатон дар ин бора?
– Ба ростӣ, намедонам.
– Агар дар ҳақиқат суханони Намоз Ҷўраев дуруст бошанд, додарзодааш рўзи ҷумъаи 16 сентябр ба Зартеғ рафтааст.
– Ўро чӣ зарур аст дурўғ гуфтан?
– Кӣ медонад. Одамиро фаҳмидан душвор.
– Агар дар ҳақиқат ў рафта бошад, пас ў дар марги Раънои Носир гунаҳкор нест.
– Ҳоло барои чунин хулосабарориӣ вақт ҳаст.
– О, Намоз Ҷўраев дар нишондодаш овардааст, ки ин субҳ акааш Ҷўраев Муддин аз Зартеғ занг зада, дар бораи писараш пурсидааст. Чун ў аз бародар ҷавоб гирифтааст, ки баъди ба Зартеғ рафтан дигар Шодиро надидааст. Ҳайрон шуда гуфтааст, ки Шодӣ шаш рўз пеш аз Зартеғ ба шаҳр рафт, аз ҳамин ба хулосае омадан мумкин, ки ў тахминан даҳ рўз дар шаҳр набудааст.
Дар шаҳр набудани ў ба вақте рост меояд, ки касе қасди ҷони Раънои Носир намудааст.
– Шояд ҳамоне, ки қасди ҷони собиқ ҳамсабақаш намудааст, қасди ҷони ў ҳам карда бошад.
– Намедонам.
– Чӣ бояд кард?
– Ҳар чӣ ки шумо фармоед.
– Ин ҷо амру фармон чизеро ҳал намекунад. Модоме ки Қурбоновро напурсидед, беҳтар мешуд, ки сари ҳамин масъала майна об мекардем.

пешина
аз 513
навбатӣ