Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ду рўз пас аз Маскав бояд баргардад.
Чун биёяд ҳамааш рўйи об хоҳад баромад.
– Биё сари субҳ ба милиса рафта, аз ин ҳодиса онҳоро огоҳ созем.
– Не, ту беҳтараш аз сафарат нагард, ман то омадани ту ҳамаашро тахт мекунам, - гуфт Раъно.
Ман он субҳ ҳам чун пеш аз бонги хурўс кулбаи маъшуқаамро тарк намудам, танҳо шаш рўз пас аз ҳодисаи ба сари Раъно омада, аз Зартеғ ба шаҳр баргаштам. Тамоми шаб хобам набурд ва пеш аз бонги хурўс ба хонаи Собири Файз занг задам. Гумон доштам, ки ҳарду якҷоя шуда, он лаънатии Назирро ба маҳкама мекашем, вале суханам куфр баромад, қариб буд, ки асрори духтари ҳамсояро бо худ ба он дунё барам. Гуфтанд, ки гӯё Раъно қасд ба ҷони хеш намуда будааст, ана ёбу гир, дигар ба милиса ҳам боварии кас намемонад. Онҳо аз куҷо медонанд, ки Раъно зиндадилтарин зан буд. Хайр чӣ, ки ў дар хуни шавҳараш шарик шуд, охир ў ин корро қасдона накардааст ва аз куҷо медонист кадом Худозадае ба қуттии «дибазол» «адреналин» гузоштааст. Не, хуни Ёқуби Соиб ҳам дар гардани ҳамонест, ки марги ўро тарҳрезӣ намуда будааст. Раъно дар ин ҷо гуноҳе надорад.
Рост гуфтаанд, ки ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад. Раъно ҳам як умр аз осоиши зиндагӣ маҳрум буд. Ў ҳатто аз нутфаи кӣ будани хешро нафаҳмид. Амаки Аҳрор ўро тарбия карда бошад, ҳам баъди аз Салим ҷудо шуданаш муносибаташро аз духтархондаш тамоман канд. Ҳатто баъди маргаш ҳам суроғи ў накард. Маълум, ки ҷигар ҷигар асту дигар дигар ва Раъно барои амаки Аҳрор ҳеҷ гоҳ ҷигар набуд ва нашуд. Чун аз ин ҷо бароям, ҳамроҳи Собири Файз қотили Раъноро ба маҳкама хоҳем кашид. Иншоолоҳ ҳамааш ҳамин хел хоҳад шуд. Хоб ғалаба карду лаҳзае пас ўро ғанабаш бурд…


– Шодӣ наомад?– баробари аз дар даромадан пурсид Намоз Ҷўраев аз ҳамсараш.
– Не, чӣ буд?
– Аҷиб ў дар Зартеғ ҳам нест.
– Чӣ хел нест, о вай ба Зартеғ рафта буд - ку?
– Шаш рўз пеш ў аз Зартеғ баромадааст, то кунун касе ўро надидааст.
– Шояд дар хонаи ягон рафиқаш будагист?

пешина
аз 513
навбатӣ