Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ана ман ҳаминашро дар ҳамон вақт андеша накардам.
Рафту агар ин масъаларо имшаб дар маҷлиси назди муовини аввалини сардор Масрури Мўсо бардорам, боз ба сари хеш бало меорам.
– Охир шумо вазифадоред, ки хабарро ба самъи ҳозирин расонед.
– Чӣ хел вазифадор?
– Хамин хел одӣ, то кунун сари марги Раънои Носир ягон гиреҳе ба даст наомадаст, рафту ҳамин чиз баҳона шаваду нўги гиреҳ дар ин муаммои ҷигил ба даст ояд.
– Не, беҳтараш ман ягон чиз намегўям. Дар чунин мавридҳо хомўшӣ алвотар аст. Модоме ки ман ҷойи зисти Ҷўраевро дар шаҳр напурсидам, чӣ лозим овозаю дағдаға?
Рафту ў дар ҳақиқат дар Зартеғ набошад, ман дар бало мемонам. Даҳони пўшида сад тилло, – гўён ў дафтари хотироташро пўшид…


Номаи ҷавобие, ки дар нимаи дуюми рўзи душанбеи якуми октябр ба дасти муфаттиши прокуратура расид, аз он далолат медод, ки дар беморхонаи шаҳрӣ айни замон дувоздаҳ нафар бо чунин номе, ки таваҷҷўҳи ин идораи назоратиро бедор намудааст, адои вазифа намуда истодаанд.
Ҳамчунин, се соли охир ду нафаре бо чунин ном бо аризаи худашон аз кор рафтанд.
Аз байни онҳое, ки ин муддат дар беморхонаи шаҳрӣ кор мекарданд, як нафар ронанда, як нафар коркуни техникӣ (устои таҷҳизоти рентгенӣ), ду нафар коркуни хурд, се нафар бародари шафқат бо маълумоти миёнаи тиббӣ ва панҷ нафар маълумоти олидор, ки дар вазифаҳои гуногун аз рўйи ихтисосҳои гуногун адои вазифа менамуданд, рўйи лисонро зеб медоданд. Дар байни аз кор рафтагон як нафар коркуни хурд ва як нафар духтури маълумоти олидор бо ихтисоси духтур – терапевт рўйи саҳфа омада буданд.
Таваҷҷуҳи муфаттишро танҳо кормандони маълумоти олидор ҷалб карда буд ва байни он шаш нафар нафареро, ки аз рўйи сину сол метавонист аз рўйи суханони Фарангиси Қодир дўсти Раънои Носир бошад, дарёбад.
Бобо Самад суханони Абдумаҷидовро, ки тариқи телефон дар ин бора муфаттишро огоҳ карда буд, ба ёд овард.

пешина
аз 513
навбатӣ